Ҳушдор аз селфароӣ дар ВМКБ ва даъват аз мардум: ба шикор ва ҷамъоварии ҳезум наравед

© Фото / Улан МаккамбаевСелевой поток
Селевой поток - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Чор рӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фаромадани селҳои пиряхӣ вуҷуд дорад
Душанбе, 17 авг - Sputnik. То 20 август дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои дорои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.
Дар ин бора, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Ожонсии ҳавошиносӣ хабар доданд.
Дар ин росто, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Рӯзона бебориш, шабона салқин: ҳавои Тоҷикистон моҳи август чӣ гуна мешавад
"Селроҳаҳо, каналҳо, ҷӯйборҳоро сари вақт аз ҳар гуна хасу хошок тоза кунанд, то оби зиёдатӣ роҳи баромад дошта бошад", - омадааст дар хабарнома.
Ба сокинони ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ тавсия дода мешавад, ки аз моҳидорӣ, шикор, ҷамъоварии ҳезуму гиёҳҳои шифобахш ва чаронидани чорво худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин аз ронандагон даъват мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва минтақаҳои селхез қоидаҳои ҳаракати роҳро ҷиддӣ риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала