Тоҷикистон содироти гелосро бар Русия 20 баробар бештар кард

© Sputnik / Александр Ковалев / Гузаштан ба хазинаи аксЧерешня на прилавке, архивное фото
Черешня на прилавке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Дар соли 2021 интиқоли мева ва сабзавот аз Тоҷикистон 38% афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Тоҷикистон интиқоли мева ва сабзавотро ба Русия афзоиш додааст. Маълумоти дар вебсайти Росселхознадзор овардашуда ба ин шаҳодат медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар соли 2021 пешниҳоди мева ва сабзавот аз Тоҷикистон 38%афзоиш ёфтааст. Ҳамин тариқ, ҳаҷми воридоти имсола аз 4,8 ҳазор тонна то 6,7 ҳазор тонна афзоиш ёфт.
Тибқи иттилои манбаъ, Тоҷикистон содироти меваи хушк, гелос, ангур ва нектаринро ба Русия ба маротиб афзоиш додааст.
Глава Нацбанка Таджикистана Хоким Холикзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Афзоиши рекордии содирот дар Тоҷикистон: шарҳи Бонки миллӣ
Содироти меваҳои гуногуни хушк 15% афзоиш ёфтааст - 1,4 то 1,6 ҳазор тонна дар ин сол.
Ҳаҷми зардолуи хушк 6,6% бештар шудааст - аз 1,5 то 1,6 ҳазор тонна расидааст. ва Содироти гелос бошад, 19 маротиба афзуда, аз 45 тоннаи соли гузашта ба 866 тонна дар соли равон расидааст.
Инчунин, содирот ба Русия аз ҷониби кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ афзоиш ёфт.
Ҳоло Қазоқистон ба Русия 50% бештар себ мефиристад, Қирғизистон ва Туркманистон содироти помидор ва сабзиро ба таври назаррас афзоиш дод ва Узбекистон ҳаҷми тарбузҳои фиристодашударо ба 24 ҳазор тонна расонд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала