Толибон* ИМА – ро масъули марги афтидаҳо аз ҳавопаймо гуфтанд – видеоҳо

© AFP 2023 / Wakil KohsarПассажиры в аэропорту Кабула
Пассажиры в аэропорту Кабула  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Обуна шудан
Толибон* нерӯҳои ИМА – ро масъули марги афроде медонанд, ки аз ҳавопаймо афтиданд, чун ба иттилои ин созмон бояд нерӯҳои амрикоӣ амниятро таъмин мекарданд. Инчунин дар шабакаҳо наворҳое нашр шудаанд, ки чигуна ҷангиёни ин созмон тартиботро дар фурудгоҳ таъмин мекунад
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи Толибон* мегӯяд, аз вақте ки аъзои созмон ба таъмини амният дар маҳалли фурудгоҳи Кобул пардохтанд, ҳодисаҳои маргбор дигар такрор нашуда истодаанд.
Қаблан наворҳое нашр гардиданд, ки гуруҳе дар талоши фирор аз Афғонистон ба бадани ҳавопаймои низомии ИМА мечаспанд ва зимни баланд шудани ҳавопаймо аз он меафтанд.
Суҳайл Шоҳин мегӯяд, дар он лаҳзаҳо нерӯҳои Толибон* дар фурудгоҳ қарор надоштанд ва бояд нерӯҳои амрикоиро амниятро таъмин менамуданд.
Ӯ афзуд, ки баъди оне ки Толибон* ба таъмини тартибот дар фурудгоҳи Кобул пардохтанд, чунин ҳаводис қатъ гардидаанд.
Ахиран дар интернет навори шеваи таъмини тартибот дар фурудгоҳи Кобул аз ҷониби ҷангиёни Толибон* нашр гардид.
Созмони террористии Толибон* тавонистанд, тайи ҳафтаҳои охир қисми зиёди Афғонистон, аз ҷумла Кобулро зери назорати худ дароранд. Ин ҳаракат эълон кард, ки дар кишвар қавонини шаръиро ҷорӣ хоҳад кард.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0