Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Толибон аз занон даъват карданд, ки дар идораи Афғонистон иштирок кунанд

© AP / Rahmat GulАфганские женщины
Афганские женщины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Ин гурӯҳи экстремистӣ изҳор доштааст, ки гӯё намехоҳад занон дар ҷомеаи Афғонистон мавқеи қурбониеро дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Гурӯҳи эестремистии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия - Толибон, ки қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд, занонро ба иштирок дар идораи ҷумҳурӣ даъват карданд.
Дар ин бора шабакаи телевизионии Al Hadath бо истинод ба намояндагони ҷангҷӯён хабар додааст.
Толибон занонро ба ҳукумати оянда даъват карданд. Ба гуфтаи радикалҳо, онҳо намехоҳанд, ки занон худро дар зулмат ва дар мақоми қурбонӣ эҳсос кунанд.
Ахмад Масуд опровергает слухи о том что он не находится в регионе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Аҳмад Масъуд хабари гурехтанашро рад кард: дар канори мардуми худ мемонам - видео
Қаблан ҷангҷӯён ба барқарор кардани тартибот дар Кобул шурӯъ карданд. Онҳо аз сокинон даъват карданд, ки ба кор ва тиҷорат баргарданд ва аз Толибон натарсанд.
Ба гуфтаи намояндагони ҷунбиш, онҳо намехоҳанд ҳуқуқи одамони дигарро поймол кунанд.
Пӯшидани чодар барои занҳо барои бозгаштан ба машғулиятҳои қаблӣ як талаботи ҳатмӣ шудааст.
Ҳамзамон радикалҳо ба онҳо имкон доданд, ки дар соҳаи ВАО кор кунанд. Ҳамин тавр, хабарнигори телевизиони Tolo News бо намояндаи Толибон дар бораи вазъи кунунии Кобул мусоҳиба кардааст.
Ёдовар мешавем, ки пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон дар соли 1996, радикалҳо кори киро кардани занонро манъ карданд, духтарон танҳо то ҳаштсолагӣ таҳсил карда метавонистанд.
Ахмад Масъуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Толибон* нақшаашонро дар мавриди Панҷшер гуфтанд: Наим Балху Бадахшонро мисол овард
Сипас ба онҳо манъ карда шуд, ки бидуни ҳамроҳии хешовандони мард аз хона берун раванд, дар балконҳо ҳозир шаванд ва инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сӯҳбат кунанд.
Ҳамчунин ба занон иҷозати пӯшидани ҷавоҳирот, пойафзоли пошнаи баланд ва либоси кушод дода намешуд. Риоя накардани ин тартибот боиси муҷозоти шадиди занон мешуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала