Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Ба шаҳри Турсунзода ду навъи ваксина дастрас карда шуд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузаштан ба хазинаи аксВакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ "Садовод"
Вакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ Садовод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Ба ноҳии Турсунзода ду навъи ваксина алайҳи вируси корона - Moderna ва CoronaVac оварда шуданд
ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Барои ду марҳилаи ваксинатсияи аҳолӣ ба шаҳри Турсунзода 101 ҳазору 600 воя ваксина ворид шуд. Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо такя ба роҳбари маркази саломатии шаҳри Турсунзода Шарофиддин Рустамов хабар медиҳад.
Ҳамин тавр, ба шаҳри Турсунзода ду навъи ваксина Moderna ва CoronaVaс дастрас шуд.
"То дирӯз дар 92 нуқтаи эмгузаронӣ зиёда аз 45 ҳазору 483 нафар сокинони шаҳри Турсунзода ва кормандони ташкилоту муассисаҳои гуногун эм карда шуданд", - омадааст дар хабарнома.
Бояд гуфт, дар Турсунзода маъракаи эмгузаронӣ бар зидди бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 миёни аҳолӣ идома дорад.
Вакцина “Спутник V”  доставлен в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2021
Русия нахустин бастаҳои ваксинаи “Спутник V”-ро ба Тоҷикистон расонд – акс
"Хушбахтона, мардум барои нигоҳдории саломатии худ ва наздиконашон талош доранд, ки ҳарчӣ тезтар ваксина гиранд", - мегӯяд котиби Ҷамоати деҳоти шаҳри Турсунзода Амиршо Қобилов.
Тибқи омор, то имрӯз дар ноҳияи Ёвон беш аз 32 ҳазор нафар ва дар шаҳри Ваҳдат зиёда аз 31 ҳазору 500 нафар шаҳрвандони аз 18-сола боло бо ваксина фаро гирифта шудаанд.
Ваксинаи деринтизор: "Спутник V" ба Душанбе расид
Дар умум дар Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион нафар алайҳи вируси корона эм шудаанд.
Пештар хабар дода шуд, ки 50 ҳазор вояи “Спутник V” ҳамчун кумаки башардӯстона аз Русия ба Тоҷикистон равон карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала