Юлдуз Усмонова гуфт, кадом сурудашро бештар меписандад - видео

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookЮлдуз Усманова выступает на концерте в Душанбе
Юлдуз Усманова выступает на концерте в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Примадоннаи саҳнаи Ӯзбекистон иқрор шуд, ки то имрӯз беҳтар, суруд эҷод карда наметавонад
ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Ситораи эстрадаи ӯзбек Юлдуз Усмонова беҳтарин сурудро дар тӯли фаъолияти худ ном бурд.
Ҳунарманд иқрор шуд, ки суруди "Ӯзбекистон" машҳуртарин суруди ӯ ва беҳтарин дар репертуараш аст.
"То ҳол аз суруди "Ӯзбекистон" беҳтарашро эҷод карда наметавонам. Ин судури миллии ҷавонон аст", - гуфт Усмонова.
Ба гуфти сароянда як хел вақт ӯро танҳо барои иҷрои ҳамин суруд ба чорабиниҳо даъват мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки суруди "Ӯзбекистон" соли 2000 эҷод шуд ва дар як вақти кӯтоҳ вирди забони мардуми Ӯзбекистон гардид.
Бояд гуфт, Юлдуз Усмонова дар Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёде дорад. Чанд таронаи вай, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ "Биё ҷонам" дар Тоҷикистон солҳо шӯҳрати худро аз даст надодааст.
Сӯҳбати ошкорои Юлдуз: фирор аз Ватан, пешхизматӣ ва "хуни тоҷикӣ"-ю духтархондӣ бо Шабнам
Ахиран ҳунарманд дар консерти "Шоми дӯстӣ" дар Душанбе, дар ҳузури ду кишвардор, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳамин сурудро ба забони тоҷикӣ иҷро кард.
Усмонова ҳаводорони тоҷикашро ба ваҷд овард ва онҳо аз ҷой бархоста рақс карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала