Зодрӯзи Назрӣ Яздон ва Рӯзи кормандони тиб: 18 август дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 18 августа
День 18 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Обуна шудан
Рӯзи ҳаждаҳуми август дар Тоҷикистон чун Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мешавад

Рӯзи 18 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1700 дар Шветсия баъди гуфтушунид Копенгаген, Дания ва Шветсия шартномаи сеҷонибаи сулҳ ба имзо расониданд.
Соли 1855 Ватикан назорати соҳаи маориф ва бақайдгирии ақди никоҳро дар Вена пурра ба зиммаи худ гирифт.
Соли 1914 ИМА нисбат ба ҷанги Белгия бо Олмон бетарафии худро эълон кард.
День 16 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2021
Заминҷунбии шадид дар Чили ва истеҳсоли калонтарин макарон: 16 август дар таърих
Соли 1973 бостоншиносони америкоӣ дар Юнон далелеро пайдо карданд, ки ҳанӯз 750 сол пеш аз замони мо инсоният ба баҳр баромадааст.
Соли 2018 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни баргузории брифинг иттилоъ дод, ки дар Ӯзбекистон мисли Тоҷикистон сару либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ карда шуд.

Рӯзи 18 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1965 Экспедитсияи археологии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар саргаҳи дарёи Зарафшон ба кор оғоз кард.
Соли 2010 масоили ҳамкории вақт ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуданд.
Соли 2010 дар шаҳри Сочии Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведов масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва робитаҳои минтақавию дӯстии ду давлатро баррасӣ карданд.
День 15 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2021
Зодрӯзи Ҳабибулло Назаров ва Ҳабиб Аҳрорӣ: рӯзи 15 август дар таърих
Соли 2015 дар шаҳри Душанбе мулоқоти навбатии вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Соли 2015 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли вақти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа авзои вақт ва ояндаи Афғонистон ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳониро баррасӣ намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 18 август

Дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони соҳаи тиб.
Дар Қазоқистон –Рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ.
Дар Австралия- Рӯзи собиқадорони Ветнам.

Рӯзи 18 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1949 — Назрӣ Яздон, нависанда.
Соли 1957 — Алиҷон Ғоибов, доктори илмҳои тиб, профессор.
Соли 1958 — Лафиз Бобоев, математик.
Лентаи хабарҳо
0