Коҳиши евро нисбат ба сомонӣ: бозори арзи Тоҷикистон

© Pixabay / Доллары
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Обуна шудан
Асъори аврупоӣ ба сомонӣ коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи иттилои ин ниҳоди молиявӣ, арзиши пули русӣ бетағйир боқӣ мондааст ва 1 рубли русӣ 0.1539 сомонӣ мебошад.
Қурби доллар низ тағйир наёфтааст ва дар ҳудуди 11.3300 қарор дорад.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Символ рубля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2021
Иқтисоддон шарҳ дод, ки чаро рубл суқут намекунад
Дар бозори арзи кишвар арзиши як евро 13.2980 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле, ки як рӯз пеш 13.3581 буд.
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст.
1 доллари ИМА аз 11.3300 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.2980 то 13.5000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1539 то 0.1560 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0