Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Сафорати Афғонистон дар Душанбе Амруллоҳ Солеҳро президенти нав эътироф кард

© Sputnik / Shafi KarimiПразднование дня независимости в Кабуле
Празднование дня независимости в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Обуна шудан
Сафири Афғонистон дар Душанбе Муҳаммад Зоҳир Ағбар гуфт, ки тибқи қонуни давлат, Амруллоҳ Солеҳро ба ҳайси президент эътироф мекунад
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, ки онҳо ноиби аввали президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳро сарвари қонунии давлат эътироф мекунанд, менависад оҷонсии "Авеста".
Сафири Афғонистон дар Душанбе Муҳаммад Зоҳир Ағбар гуфт, ки пас аз истеъфо ва фирори Ашраф Ғанӣ бар асоси Қонуни асосии Афғонистон, муовини аввали президент Амруллоҳ Солеҳ сарвари давлат мешавад.
Дар мавриди фирори Ғанӣ аз кишвар, дипломати афғон гуфт, ин амал "хиёнат ба ватан ва мардуми худ" аст.
Вице-президент Афганистана Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Амруллоҳ Солеҳ худро роҳбари Афғонистон эълон кард
Ба гуфти ӯ, собиқ раиси ҷумҳур бо худ 169 миллион доллар бурдааст.
Ёдрас мешавем, ки 17 август ноиби аввали президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ ба ҷои Ашраф Ғанӣ, ки аз Афғонистон гурехт, худро раҳбари нави кишвар эълон кард.
"Ман дар кишвар ҳастам ва тибқи қонун иҷрокунандаи вазифаи сарвари давлат мешавам. Барои таҳкими ин вазифа ман бо тамоми раҳбарони кишвар машварат мекунам", - навиштааст сиёсатмадор дар Твиттераш ва илова кардааст, ки "ӯ ҳеҷ гоҳ зери ҳукмронии Толибон* хам нахоҳад шуд".
Вице-президент Афганистана генерал Абдул-Рашид Дустум, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Қӯшунҳои маршал Дӯстум ба Панҷшер равон шуданд
Ҳамин тариқ, тибқи муқаррароти Сарқонуни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар сурати фирор, истеъфо ё марги президент, муовини аввали ӯ иҷрокунандаи вазифааш мешавад.
Маълум аст, ки ҳоло Солеҳ, эҳтимолан, дар вилояти Панҷшери Афғонистон аст.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0