Тошканд: Ғанӣ, Дӯстум ва Ато Муҳаммади Нур дар қаламрави Ӯзбекистон ҳузур надоранд

© Аз дафтари матбуотии Ато Муҳаммади НурУстод Ато Муҳаммади Нур ва Маршал Дӯстум
Устод Ато Муҳаммади Нур ва Маршал Дӯстум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Обуна шудан
Мақомоти Ӯзбекистон хабари фирори Ашраф Ғанӣ, Абдурашид Дӯстум, Ато Муҳаммади Нур ва дигар чеҳраҳои намоёни афғонро ба ин кишвар, рад кард
https://podrobno.uz/cat/politic/v-uzbekistane-oprovergli-dannye-o-nakhozhdenii-v-strane-ashrafa-gani-abdurashida-dustuma-ata-mukhamm/ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон маълумот дар бораи ҳузури Ашраф Ғанӣ, Абдурашид Дӯстум, Ато Муҳаммади Нур ва дигар чеҳраҳои намоёни афғонро дар ин кишвар рад карданд, иттилоъ додааст хабаргузории Подробно.uz.
Манбаъ хабар додааст, ки ин маълумотро хабаргузории “Дунё”, ки ба Вазорати корҳои хориҷаи Ӯзбекистон” вобастааст, паҳн намудааст.
“Ахиран дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое нашр мешаванд, ки гӯё бархе аз ходимон ва роҳбарони гурӯҳҳои этникии Афғонистон дар қаламрави Ӯзбекистон ҳузур доранд. Аз ҷумла, аз Ашраф Ғанӣ, Абдурашид Дӯстум, Ато Муҳаммади Нур ва дигарон ном бурда мешавад. Тибқи маълумоти расмӣ, ин гуна хабарҳо асоси воқеӣ надоранд”, - омадааст дар хабар.
Қаблан чанде аз ВАО-и Русия хабар доданд, ки чеҳраҳои низомӣ ва сиёсии ӯзбектабори афғон маршал Абдурашид Дӯстум ҳамроҳи як гурӯҳ ҳарбиён дар қаламрави Ӯзбекистон қарор дошта, бо мақомоти кишвар гуфтушунид доранд.
Вице-президент Афганистана генерал Абдул-Рашид Дустум, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Қӯшунҳои маршал Дӯстум ба Панҷшер равон шуданд
Ёдрас мешавем, ки бино ба гузориши хабаргузориҳои Reuters, РИА Новостӣ ва ТАСС, маршал Абдурашид Дӯстум ва фармондеҳу волии пешини Балх Ато Муҳаммади Нур ба Ӯзбекистон фирор кардаанд.
Тавре расонаҳо навиштаанд, Абдурашид Дӯстум ва Ато Муҳаммади Нур 14 август тавассути пули Ҳайратон-Тирмиз вориди Узбекистон шудаанд. Хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст, ки Дӯстум феълан дар Тирмиз аст.
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 15-уми август дар эъломияе гуфт, ки 84 кас, аз ҷумла се захмӣ, аз Афғонистон ба қаламрави ин кишвари Осиёи Марказӣ гузаштаанд.
Дар эъломия аз касе, аз ҷумла маршал Абдурашид Дӯстум ва фармондеҳу волии пешини Балх Ато Муҳаммади Нур ҳеч ишора нашуда буд.
Лентаи хабарҳо
0