Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Дар ИМА гуфтанд, кӣ раҳбари Афғонистон мешавад

© AP / Hussein Sayed Абдель Гани Барадар

Абдель Гани Барадар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Яке аз аъзоёниТолибон* соҳиби нуфузи зарурии сиёсӣ гардидааст ва омода аст ҷумҳуриро раҳбарӣ кунад
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Аъзои ҷунбиши радикалии Толибон*, ки дар Русия мамнӯъ аст, Абдуғанӣ Бародар метавонад раҳбари нави Афғонистон шавад. Дар ин бора The ​​Washington Post менависад.
Нашрия қайд мекунад, ки Бародар 20 сол пас аз бадарға, ба ҷумҳурӣ баргашт. Дар тӯли солҳои ғоиб буданаш, намояндаи Толибон* як мақоми муҳими сиёсиро ба худ касб кард. Қисман, ин таҷриба дар зиндони Покистон дарёфт, менависад The ​​Washington Post.
Баъзеҳо Толибонро* лӯхтаки Покистон мешуморанд. Муаллифи нашрия бовар дорад, ки адои ҳукм дар зиндони Покистон нуфузи сиёсии Бародарро афзоиш дод ва ба ӯ имкон дод, ки симои шахсеро эҷод кунад, ки фармонро иҷро намекунад ва мустақилона амал менамояд.
Боевик Талибана* с американской винтовкой M16 в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Як қиёмат силоҳ: ИМА Толибонро* бо чӣ "таъмин" кард - гузориши аксӣ аз Багром
Ин ҷангҷӯй аз дигар аъзоёни Толибон* фарқ мекунад. Бародар ҳайати радикалиро ҳангоми гуфтушунид бо Иёлоти Муттаҳида дар Доҳа, соли 2020 раҳбарӣ кард ва шахсан бо Котиби давлатии ИМА Майк Помпео мулоқот намуд.
Ҷангҷӯ бо ҳамроҳии корвони мошинҳои сабукрави сафед ба ватанаш ба Қандаҳор омад ва ҳазорон афғон ба пешвози ӯ баромаданд, таъкид мекунад The ​​Washington Post.
"Чунин ба назар мерасад, ки Бародар дар ҳукумати нави Толибон* нуфузи бузург хоҳад дошт ва нақши ӯ дар он ҷо нодида гирифта мешавад", - қайд мекунад муаллиф.
Бо вуҷуди ин, ҳанӯз пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, ки оё ин ҷангҷӯй Афғонистонро раҳбарӣ карда метавонад ё не.
Бо вуҷуди он, ки Бародар ақидаҳои озодихоҳӣ эълон кардааст, дар бархе аз манотиқи кишвар мактабҳои духтарона баста мешаванд ва нақзи дигар ҳуқуқҳои инсон сабт мегарданд.
Ба навиштаи расонаҳо, маҳз Бародар бо раҳбарони мухталифи сиёсии Афғонистон музокира хоҳад кард.
* - созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала