Мотами оилаи Зӯрбековҳою Мирзоевҳо: шарҳи бархӯрди пурқурбонии "Тойота" бо трактор - видео

© Пресс-служба МЧС РФДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Душанбе - Бохтарро, ки навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. ВУД мегӯяд, садамаи пурқурбонӣ нисфирӯзи 17-уми август дар роҳи Душанбе - Бохтар рух дода, дар он аъзои оилаи Зӯрбековҳо ва Мирзоевҳо ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи мошини "Тойота-Корола” - Зурбеков Дустмурод, сокини 32-солаи ҷамоати деҳоти 50-солагии ноҳияи А.Ҷомӣ, дар километри 90- уми шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи Поён” ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба трактори тамғаи "Мехлопата" бархӯрдааст.
"Дар натиҷа, ронандаи "Тойота", Зурбеков Дӯстмурод ва бародараш Зурбеков Бахтовари 26-сола, мусофирони дигар Мирзоева Малоҳати 22-сола ва Мирзоеваи Бибираҳимаи 11-сола, сокинони нощияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳалокат расиданд", - иттилоъ дод ВУД.
Бар асоси иттилоияи расмӣ, мусофири дигари автомашинаи мазкур Зурбеков Бахшалии 31-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала