Қарори Ҳукумат барои ташкили филиали Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар вилоятҳо

© AFP 2021Школьный урок
Школьный урок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Дар вилоятҳои Суғду Хатлон филиалҳои Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат фаъол мешаванд
ДУШАНБЕ, 18 авг - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат барои ифтитоҳи филиали Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар вилоятҳои Суғду Хатлон дастур додааст.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҳамроҳ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муваззаф шудаанд, филиалҳоро бо бино, воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва дигари васоили зарурӣ таъмин намоянд.
Маблағгузории филиалҳо аз ҳисоби худи Донишкада дар мувофиқа бо Вазорати молия ва дигар манобее таъмин мешавад, қонунгузории Тоҷикистон манъ накардааст.
Кадровые изменения в правительстве Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2020
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Таъини ректорони нави донишгоҳу донишкадаҳо: пешинаҳо ба парлумон пешбарӣ шуданд
Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон аз соли 1991 фаъолият дошта, сарпарасти он Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ мебошад. Таъкид ба густариши фаъолияти Донишкада дар ҳолест, ки солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон рушди бахши сайёҳӣ ва саноатикунонии кишварро аз ҳадафҳои афзалиятноки худ қарор додаст.
Раёсати Донишкада дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон гузориш дод, ки ҷойҳои нави корӣ дар ин муассиса муҳайё гардида, бо назардошти ба истифода додани биноҳои нави таълимӣ масоҳати таълимии донишкада ба маротиб васеъ ва шумораи ҷойҳои нишаст ба 7557 адад расонида шуд. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 3 ҳазору 61 ҷойи нишаст зиёдтар арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала