Шойгу аз ҳалокати қарибулвуқуи инсоният гуфт

© Фотохост-агентство sco-russia2020.ru / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр обороны РФ Сергей Шойгу
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Истеъмол ва ҷамъоварӣ инсониятро ба марг мерасонад
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу марги инсониятро пешгӯӣ кард. Ин андешаро генерали артиш дар мусоҳиба бо маҷаллаи "Вокруг света" изҳор дошт.
Ба гуфти Шойгу, истифодаи захираҳои табиӣ ва парастиши ҷамъоварӣ дар байни одамон метавонад ба натиҷаи ғамангез оварда расонад. Ҳамзамон, сабаби асосии оқибатҳои ногувор иқтисоди бозаргонии аксари давлатҳо хоҳад шуд.
"Ман як ақидаеро баён мекунам, ки фикр мекунам, ба аксарият писанд намеояд. Ба назарам, инсоният ба сӯи нобудии худ қадам мезанад. Ва сабабаш кӯшиши истифодаи беинсофона аст", - гуфт вазир.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки ба зудӣ "раванди истеъмолӣ" қатъ хоҳад шуд.
Ҷамъоварии захираҳо ҳам ба як нафар ва ҳам ба тамоми ҷаҳон зарар мерасонад, гуфт Шойгу. Ӯ шикори харгӯшҳоро мисол овард.
"Шумо як харгӯш доред ва сер хоҳед шуд. Аммо вақте, ки гӯшти даҳ хагрӯш доред, аллакай ба яхдон ниёз мешавад, вагарна гӯшт талаф мешавад. Барои кор кардани яхдон ба шумо барқ ​​лозим аст. Аммо ин даҳ харгӯш ба шумо чӣ лозим?! " - суолгузорӣ кард, вазири дифои Русия.
Ёдрас мешавем, ки Шойгу дар арафаи 176 -умин солгарди Ҷамъияти географии Русия, ки вазир, президенти он мебошад, бо хабарнигорони "Вокруг Света" сӯҳбат кардааст.
Дар ин мусоҳиба вазири дифоъ дар бораи ҷангҳо ва дигар мавзӯъҳои шабеҳи амниятӣ сухан намегӯяд. Шойгу дар бораи нақшаҳои оянда, хусусиятҳои хоси шикори Сибир ва ҷойҳои дӯстдоштааш дар Русия сухан гуфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала