Суҳбат ва созиши Путину Раҳмон барои мусоидат дар ҳалли сулҳомези қазияи Афғонистон

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия қазияи Афғонистонро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба мусоидати ҳамаҷониба дар ҳалли сулҳомези қазияи Афғонистон таъкид кардаанд. Зикр шудааст, ки шиддати вазъ дар ин кишвар ба амнияти минтақа таҳдид дорад.
"Ҷонибҳо бо таъкиди он, ки шиддат гирифтани вазъият дар ин кишвар метавонад ба ҳолати умумии амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ расонад, ҳамоҳангии минбаъдаи талошҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаашонро ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва муосидати ҳамаҷониба ба раванди ҳаллу фасли сулҳомези қазияи Афғонистон ҷонибдорӣ намуданд", - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского полководца Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Аҳмад Масъуд нақшааш барои ояндаи Афғонистонро гуфт: тақсими одилонаи сарвату қудрат
Раҳмону Путин мувофиқа кардаанд, ки тамосҳо ва ҳамкориҳои зичи миёни вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар дар масъалаҳои таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ идома дода шаванд.
Суҳбати роҳбарони Тоҷикистону Русия дар ҳолест, ки Толибон* марзҳо ва марказҳои Афғонистонро ғасб кардаанд. Нерӯҳои зиддитолиб феълан дар Панҷшер, ягона вилояти берун аз тасаллути Толибон* ҷамъ омадаанд.
Бо вуҷуди таъкиди Толибон*, ки ба кишварҳои ҳамсоя аз қаламрави Афғонистон таҳдиде нест, нерӯҳои Тоҷикистону Русия ва дигар кишварҳои минтақа ба силсилаи размоишҳо пардохтаанд, ки дар онҳо роҳҳои ҷилавгирӣ ва нобудсозии ҷангиёни эҳтимолӣ аз Афғонистонро тамрин мекунанд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала