Янукович иштибоҳи 30 солаи Украинаро эълом кард

© AP / Efrem LukatskyСамый большой флаг Украины
Самый большой флаг Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Иштибоҳи мақомоти Украина боиси оқибатҳои харобиовар барои ин кишвар шуд
ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Бузургтарин иштибоҳе, ки Украина дар тӯли 30 сол кард, ин радди ҳамсоягии нек бо Русия будааст. Дар ин бора собиқ раисҷумҳури Украина Виктор Янукович дар паёми худ ба мардум дар остонаи 30-умин солгарди истиқлоли кишвар изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, бад шудани муносибатҳо бо Русия Украинаро ба оқибатҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст.
"Ин ҳолат ба чӣ оварда расонд? Ба ҷанг, тақсимшавӣ дар ҷомеаи Украина, ба нооромии доимии иҷтимоӣ, бӯҳрони амиқи иқтисодӣ, ифшои созмонҳои тундрави миллатгаро, таъқиби мухолифон ва бастани шабакаҳои телевизионии мухолиф”, - таъкид дошт Янукович.
Вай қайд кард, ки ба аҳолии Қрим ҳуқуқ дода намешавад, ки нимҷазираро Ватани худ бидонанд, дар ҳоле ки ба сокинони Донбасс пешниҳод доранд, агар онҳо сиёсати украинасозии маҷбуриро, ки аз сӯи мақомоти русзабон роҳандози мешавад намепазиранд, ба Русия кӯч банданд.
Бывший президент Украины Виктор Янукович, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Янукович гуфт, чаро ИМА соли 2014 Украинаро хароб кард
Ба гуфтаи Янукович, Украинаи имрӯза аз равобити Русияву Амрико вобатагӣ дорад. Айни замон, кишвар боз ҳам мехоҳад вазъ аз ин ҳам бадтар шавад. Ин гуна равиш на ба манфиатҳои мардуми Амрико ва на мардуми Русия аст.
Ёдовар мешавем, ки дар Киев 24 август солгарди истиқлолияти давлатӣ таҷлил карда мешавад. Виктор Янукович, раисҷумҳури Украина аз соли 2010 то 2014 дар ин кишвар ҳукмронӣ кард ва пас аз табаддулот дар “Майдон” кишварашро тарк кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала