Янукович сабаби асосии табаддулот дар Украинаро гуфт

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксБывший президент Украины Виктор Янукович, архивное фото
Бывший президент Украины Виктор Янукович, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Сабаби табаддулот татбиқи лоиҳаи "Украина чун анти-Русия" буд, мегӯяд, собиқ президенти Украина
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Табаддулоти давлатии соли 2014 дар Украина, як лоиҳаи Ғарб буд. Дар ин бора собиқ президенти Виктор Янукович зимни муроҷиат ба халқи Украина гуфтааст.
Ба гуфти раҳбари пешини Украина, сабаби чунин рӯйдодҳо на "нармӣ" - и мақомот, балки татбиқи лоиҳаи "Украина чун анти- Русия" буд.

"Мо озодии суханро ҳатто дар ҳолатҳое таъмин кардем, ки ин "озодӣ" ба пояҳои давлатдорӣ халал мерасонд; мо ба ҳуқуқи сокинони минтақаҳои ғарбӣ барои гузоштани муҷассамаҳо ба шахсоне, ки онҳо қаҳрамони миллии худ мешуморанд, халал нарасондем, ки таҳқири хотираи таърихии сокинони ҷанубу шарқ аст; мо аъзоёни созмонҳои миллатгароро таъқиб накардем ва бовар доштем, ки онҳо таҳаммулпазирии давлатро қадр мекунанд", - гуфт Янукович.

Вай таъкид кард, ки чунин сиёсатро хато намешуморад. Президенти собиқи кишвар бовар дорад, ки агар татбиқи лоиҳаи "Украина чун анти-Русия" сабаби табаддулот эътироф шавад, ҳама чиз ҷои худро хоҳад гирифт.
Бывший президент Украины Виктор Янукович, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Янукович гуфт, чаро ИМА соли 2014 Украинаро хароб кард
Янукович таъкид кард, ки сигнали тасарруфи ғайриқонунии қудрат ва "истерияи зидди Русия" мавқуф гузоштани имзои созишномаи ассотсиатсия бо Иттиҳоди Аврупо шуд.
Янукович гуфт, ки таҳти фишори Ғарб Украина ба вазъияте дучор шуд, ки "дарки имзои пеш аз мӯҳлати созишномаи ассотсиатсия ба хоҳиши мухолифони мо барои иҷро нашудани ин тасмим, дучор шуд.
Дар ҳамин ҳол, кишварҳои ғарбӣ аз натиҷаи чунин тасмим нигарон набуданд, зеро масъулияти фалокати иҷтимоиву иқтисодӣ, ки дар Украина рух медод, ба дӯши ҳукумати феълӣ гузошта мешуд, хулоса кард сиёсатмадор.
Бывший президент Украины Виктор Янукович  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Муроҷиати Янукович ба украинҳо
Ёдовар мешавем, ки Янукович дар остонаи 30 -юмин солгарди истиқлоли ин кишвар ба украинҳо муроҷиат кард.. Сиёсатмадор аз соли 2010 то 2014 дар мақоми сарвари давлат кор кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала