Вақте ки гуфтанд бо ҳамсарат "мегардад", рафту 4 нафарро кушт - видео

Ҳодисаи куштори даҳшатбор дар ноҳияи Ҷайҳун билохир ошкор шуд: дар он марде даст доштааст, ки бо гумони хиёнати ҳамсараш 4 танро куштааст
Як ду моҳ пеш хабари ҳодисаи куштори чор узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳун ҷомеаи Тоҷикистонро такон дода буд.
Ҳодиса 12 июн рух дод. Гуфта мешуд, шахсони номаълум ба хонаи як сокини ноҳия Аҳлиддин Мамадови 39-сола даромада, қасди куштори 6 нафар аъзои оиларо карданд.
Онҳо бо табар ба 4 фарзанд, худи Аҳлиддин ва ҳамсараш дарафтоданд ва баъди ҳамла хонаро оташ зада, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.
Боздошти гумонбарони қатли даҳшатбори падару се фарзандаш дар Ҷайҳун
Дар натиҷа 3 фарзанди мард ва худаш ҳалок шуда, ҳамсар ва як писараш дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол ёфанд.
Ин ҳодисаи даҳшатбор барои наздикони кушташудагон ва мақомот муаммоеро мемонд. Гуфта мешуд, Аҳлиддин Мамадов як деҳқони одие буд ва далели амали ҷинояткоронро танҳо фол медиданд.
Аммо ВКД аз ошкор шудани ин ҳодиса хабар дод.
Ҳамин тавр, бо гумони даст доштан дар куштори Аҳлиддин ва се фарзандаш марде дастгир шудааст, ки ҳамсарашро ба Мамадов рашк кардааст.
Раҳимзода қатли даҳшатбори як хонавода дар Ҷайҳунро шарҳ дод
Дар навори ВКД, Қиёмиддин Насриддинов гумонбари асосӣ нақл мекунад, ки дӯсташ ба Ҳайбуллоев Маҳмадғаюр дар бораи мунсибатҳои занаш бо Аҳлиддин гуфтааст ва онҳо бо маслиҳати пешакӣ даст ба ин ҷинояти сангин задаанд.
"Дуи шаб бо Маҳмадғаюр ду табарро гирифта, ба хонаи Аҳлиддин рафтем. Якум Аҳлиддина бо занашу як бачааш задем, аз онҷо баромада, дар хонаи дуюм бачаҳои дигарашро задем. Соляркаро чошида, хонаҳоро оташ задем", - нақл мекунад марди гумонбаршуда.
Хушбахтона, оташ аланга нагирифтаву изи ҷиноят пок нашудааст.
Ҳамчунин дар навор ҳамсари Аҳлиддин намоиш дода мешавад. Ӯ тасдиқ мекунад, ки Насриддинов ба хонаводаи вай ҳамла кардааст.
Нисбати гумонбарон бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала