Андӯҳгин шудем: ҳамдардии Раҳмон бо Эрдӯғон ва мардуми Туркия

© пресс-служба президента РТ Президенты Таджикистана и Турции Эмомали Рахмон и Тайип Эрдоган
Президенты Таджикистана и Турции Эмомали Рахмон и Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба роҳбари Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намудааст
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Реҷеп Тайип Эрдуғон аз ҷумла гуфта мешавад: " Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани мардум, ҳамчунин харобиҳои зиёд бар асари обхезии шадид дар минтақаҳои наздисоҳилии Баҳри Сиёҳ дар Туркия боиси андӯҳи амиқи мо гардид".
"Дар ин зимн, ҳамдардиву тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия иброз дошта, ба аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷеабор сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам", - изҳор доштааст президенти Тоҷикистон дар идомаи паёмаш.
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджидин Мухриддин встретился с Министром иностранных дел Турецкой Республики Мавлудом Чавушоглу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Човушоғлу ба Муҳриддин занг зад: мавзӯи гуфтугӯ - вазъи кунунӣ дар Афғонистон
Ёдрас мешавем, ки дар пайи обхезии шадид дар Туркия 77 шаҳрванди ин кишвар ҷон бохтааст.
Чанд рӯз пеш дар шимоли Туркия офати табиӣ сар зад. Обхези соҳили Баҳри Сиёҳро шуста бурд. Вилоятҳои Синоп, Бартин, Қарабук ва Кастамону зарар диданд ва як қатор деҳот бе барқ ​​монданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала