Боздошти мудири бахши асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо гумони порагирӣ

© Sputnik / Стас ЭтвешДевушка в наручниках, архивное фото
Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Нисбати мудири бахши асноди ҳолати шаҳрвандӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Мудири бахши асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ноҳияи Носири Хусрав ба гумони гирифтани пора боздошт шуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки дар бораи ҳолати порагирӣ дар ноҳияи Н. Хусрав зани 33-солаи сокини деҳоти Фирӯзаи ноҳияи мазкур, муроҷиат намудааст.
Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Генерал Гулмаҳмадзода: нисбати 7 корманди милиса барои порагирӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд
Ӯ гуфтааст, ки рӯзи 16-уми август барои ивази ному насаб ба мудири бахши асноди ҳолати шаҳрвандии ҳамин ноҳия зани 37-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст.
Бар хабари ВКД, мудир ӯро ба ҳуҷраи кориаш даъват намуда, ба ӯ пешниҳод менамояд, ки барои фавран иваз намудани ному насаб ба ӯ 2 ҳазору 450-сомонӣ пардохт намояд.
Ожонсии зидди фасод аз боздошти ду мансабдори баландпоя хабар дод
Ҳамин тавр, гумонбаршаванда худи ҳамон рӯз дар ҳуҷраи кориаш аз ҷабрдида 1 ҳазор сомонӣ гирифта, боз 1 ҳазору 450-сомонӣ талаб кардааст.
"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия гумонбаршаванда дар ҳуҷраи кориаш ҳангоми гирифтани 1 ҳазору 450-сомонӣ ҳамчун пора дастгир карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда бо моддаҳои 319 қисми 1 ва 32 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала