Шифо аз мумиё: нафақахӯре аз Хуҷанд алайҳи коронавирус дастгоҳ сохт - аксҳо

© Аз бойгонии Нӯъмонҷон ҲасановМуҳандис-соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд Нӯъмон Ҳасанов
Муҳандис-соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд Нӯъмон Ҳасанов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Обуна шудан
Як сокини нафақахӯри 72-сола дар Хуҷанд таҷҳизоте ихтироъ намудааст, ки кори он аз пешгирии сирояти бемориҳои вирусӣ, аз ҷумла коронавирус иборат будааст
ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Ба қавли муаллифи дастгоҳ, таҷҳизоти навсохт имкон дорад, маҳлули мумиёро тавассути ҳаво интиқол дода, вирусҳои дар роҳи нафаскашӣ мавҷудбударо нобуд кунад.
Ин дастгоҳ маҳсули меҳнати Нӯъмон Ҳасанов муҳандиси нафақахур, сокини Хуҷанд аст. Ҳасанов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи чи гуна сохтани ин таҷҳозоти нав нақл кард.
“Сохтмони таҷҳизоти нав ҳамагӣ ду рӯз давом кард, вале барои пайдо кардани қисмҳои эҳтиётӣ беш аз ду ҳафта овора шудам ва дар ниҳоят аз уҳдаи анҷом додани як кори нав баромада тавонистам”, - мегӯяд ихтироъкор.
Барои харидани қисмҳои эҳтиётии дастгоҳ, нафақахури навовар ҳамагӣ 200 сомонӣ харҷ кардааст.
Таҷҳозоти пешгирикунандаи аз сирояти бемориҳои вирусӣ ё ба истилоҳ “вирускуш” аз чаҳор поя, ҳавокашак (аспиратор), зарф барои маҳлули мумиё, шланг бо ниқоби нафаскашӣ, доккаи пахтагӣ ва ноқили барқӣ иборат буда, имкон дорад маҳлули мумиёи 1 дарсадро тайёр намуда, даро ҳаво паҳн кунад.
© SputnikИнженер - пенсионер в Худжанде изобрел устройство против COVID-19
Инженер - пенсионер в Худжанде изобрел устройство против  COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Инженер - пенсионер в Худжанде изобрел устройство против COVID-19
Ҳасанов мегуяд, таъкиди табибон дар бораи хусусияти шифобахшии мумиё, ё ба истилоҳ қиём ӯро водор намудааст, ки ба сохтани чунин дастгоҳ дар замони хуруҷи бемории коронавирус машғул шавад.
“Собит шудааст, ки мумиё хусусияти паст намудани фаъолнокии вирусҳоро дошта, ҳамчунин он қувваи иммунии инсонро қавӣ гардонида, вирусҳои бо роҳи нафас ворид шавандаро нобуд мекунад”, - мегуяд муҳандис.
Таҷҳизоти сохтаи сокини Хуҷанд ҳамагӣ 2, 7 кило вазн дошта аз лиҳози истифодаи барқ каммасраф буда, дар як соат ҳамагӣ 12 Ватт барқ сарф намуда, қодир аст то 100 мукааб ҳавои омехта бо маҳлули мумиёро интиқол диҳад.
Ҳасанов мегуяд, дар бораи асбоби сохтааш ба Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ маълумот дода, инчунин ба Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд низ барои дастгирӣ намудан муроҷиат намудааст.
© SputnikИнженер - пенсионер в Худжанде изобрел устройство против COVID-19
Инженер - пенсионер в Худжанде изобрел устройство против  COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Инженер - пенсионер в Худжанде изобрел устройство против COVID-19
Ин ихтироъкор мегуяд, дар сурати дастгирӣ ёфтани кораш аз сӯи масъулин, ният дорад сохтаашро дар маркази миллии патенту иттилоот ба қайд гузорад.
Нӯъмон Ҳасанов, ходими давлатӣ буда, соли 1972 Институти хоҷагии қишлоқро бо ихтисоси инженер – механик хатм намуда, солҳои зиёд минҳайси роҳбари муассисаи нақлиёти автомобилии вилояти Суғд кор кардааст.
Соли 2013 ба нафақа рафта, вале ҳамеша бо навъоварҳояш дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор мегирад.
Соли гузашта дар айни авҷи хуруҷи бемории коронавирус, ӯ дастгоҳи дуд кардани ҳазор испанд дар чор намуд ва таҷҳизоти пошидани маводи зиддиуфунии (антисептикӣ) фосилавӣ ихтироъ намуда буд.
Лентаи хабарҳо
0