Даҳшат: Кобул дар дасти Толибон* чӣ ҳол дорад - видео

Сокинони Кобул аз тарси Толбион* мехоҳанд натанҳо аз шаҳр берун шаванд, балки Кобулро тамоман тарк кунанд
Тарафдорони ҷунбиши радикалии Толибон, ки фаъолияташ дар тоҷикистон, Русия ва дига кишварҳо мамнӯъ аст, дар Афғонистон қудратро ба даст гирифтанд.
Пас аз забти Кобул, раҳбарони ҷангиён қасри президентро ишғол карданд ва аз анҷоми ҷанг дар ҷумҳурӣ хабар доданд.
Теъдоди қурбониён дар фурудгоҳи Кобул маълум шуд
Вуруди Толибон ба пойтахт боиси нигаронии сокинони маҳаллӣ шудааст. Ҳазорон афғон ба умеди фирор аз кишвар ба фурудгоҳи Кобул шитофтанд, аммо ҳама парвозҳои ғайринизомӣ боздошта шуданд.
Рӯзноманигор Лиза Каримӣ дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Настоящее время" гуфт, ки кӯчаҳои шаҳр ноором аст. Аз назари сокинон тарс намоён аст - онҳо метарсанд, ки молу мулк ва оилаашонро аз даст диҳанд.
Сафири Русия дар бораи пуштибонӣ наёфтани Солеҳ ва нақшаи Толибон* дар Панҷшер
Занон ҳиҷоб мепӯшанд - чунин навъи пӯшок дар замони ҳокимиятҳои нав ҳатмӣ шуд.
Аз навори Sputnik Афғонистон дида мешавад, ки чӣ гуна радикалҳо силоҳ дар даст савори мошинҳо аз Кобули забтшуда мегузаранд. Ҳамчунин издиҳоми афғонҳо дар кӯчаҳои шаҳр дида мешаванд.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала