Кумитаи олимпӣ гуфт, чанд варзишгари Тоҷикистон дар Паралимпиада – 2020 ширкат хоҳад кард

© Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон варзишгар – Акмал Қодиров
варзишгар – Акмал Қодиров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар додааст, ки ҷумҳуриро дар Паралимпиадаи -2020 як варзишгар намояндагӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки аз 24 август то 5 сентябр дар шаҳри Токиои Ҷопон 16-ум Бозиҳои Паралимпиада баргузор мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар Паралимпиадаи -2020 як вархзишгар намояндагӣ мекунад.
“Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ як варзишгар – Акмал Қодиров дар варзиши сабук, равияи гулулапартоӣ муаррифӣ мекунад. Ҳамроҳи Акмал мураббиаш Зокирҷон Комилов ва роҳбари ҳайат Сиёвуш Илёсов ба Токио сафар мекунанд”, — таъкид доштааст КМО Тоҷикистон.
Бегун Ильдар Ахмадиев на Олимпиаде в Токио - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2021
Олимпиада барои давандаи тоҷик Илдар Аҳмадиев низ бидуни дастовард хотима ёфт
Ба барномаи Бозиҳои паралимпии Токио-2020 22 намуди варзиш ворид гардидааст: камонварӣ, варзиши сабук, бадминтон, бочче, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, велосипедронӣ, аспсаворӣ, футбол, голбол, ҷудо, паверлифтинг, қайиқронии академӣ, тирандозӣ, волейбол (нишаста), шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таеквондо, триатлон, баскетбол бо ароба, шамшербозӣ бо ароба, регбӣ бо ароба, теннис бо ароба.
Дар Паралимпиада 4400 варзишгар аз 136 кумитаи миллии паралимпӣ барои 540 маҷмӯи медалҳо сабқат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала