Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Теъдоди қурбониён дар фурудгоҳи Кобул маълум шуд

© AFP 2021 / Wakil KohsarПассажиры в аэропорту Кабула
Пассажиры в аэропорту Кабула  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Бар хилофи даъвати бозгаштан ба манзилҳои худ, дар фурудгоҳи Кобул ҳамоно мардуми зиёде боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 19 авг - Sputnik. Теъдоди қурбониён дар фурудгоҳи Кобул дар паи тамбашавӣ ба 12 кас расид. Дар ин бора хабаргузории Рейтер бо такя ба намояндаи НАТО ва ҷангиёни Толибон* хабар медиҳад.

"Мо намехоҳем ба онҳое, ки дар фурудгоҳ қарор доранд, хисорот расонем", - изҳор дошт яке аз ҷангиён.

Ӯ аз афғонҳо даъват кард, ки агар барои парвоз кардан асос надошта бошанд, дар фурудгоҳ талотум накунанд.
Ёдрас мешавем, ки пас аз забти ҳукумати Афғонистон аз ҷониби Толибон* ҳазорҳо шаҳрвандони кишвар ба фурудгоҳ рехтанд. Ин ягона роҳи аз кишвар баромадан ё фирор кардан аст, чун ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ таҳти назорати Толбион* қарор дорад.
Президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Ашраф Ғанӣ ҷояшро гуфту эълон кард, ки ба Афғонистон бармегардад - видео
Аксари кишварҳо ҳавопаймоҳои худро ба фурудгоҳ фиристоданд, то хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандонашонро берун кунанд. Пас аз чанд вақт, Толибон* аз қатъи парвозҳои шаҳрвандӣ гуфтанд.
Дар фурудгоҳ бесарусомонӣ сар шуд: одамон ба ҳавопаймоҳҳо часпиданд. Навори даҳшатоваре низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, ки дар он дида мешавад, чӣ гуна ҷасади афғонҳое, ки ба ҳавопаймо часпида буданд, аз ҳаво сарозер мешавад,
"Одамони часпида ба ҳавопаймо меафтанд": навори мудҳиш
Барои пароканда кардани издиҳом сарбозони амрикоӣ ва Толибон* оташбаси огоҳкунанда кушоданд. Бо вуҷуди даъвати тарк кардани фурудгоҳ, ҳазорон нафар дар фурудгоҳи Кобул боқӣ мемонанд.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала