Вазорати тандурустӣ омори ахири коронавирус дар Тоҷикистонро нашр кард

© Sputnik / Амир ИсаевЛюди в масках в районе Рудаки, архивное фото
Люди в масках в районе Рудаки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Хушбахтона, имрӯз дар ҷумҳурӣ назар ба шумори сироятёфтагон, шифоёфтагон бештар аст
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сирят, шифо ва марг аз коронавирусро нашр кард.
Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз низ назар ба шумори сироятёфтагон, шифоёфтагон бештар аст.
Ҳамин тавр, 19 август дар ҷумҳурӣ 51 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.
Муҳандис-соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд Нӯъмон Ҳасанов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Шифо аз мумиё: нафақахӯре аз Хуҷанд алайҳи коронавирус дастгоҳ сохт - аксҳо
Аз бемористонҳо 81 кас баъд аз табобатёбӣ аз ковид мураххас шудаанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 19 август дар кишвар 16326 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16053 нафар (98,3%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 124 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала