Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Жириновский мехоҳад Тоҷикистонро аз террористҳои Афғонистон ҳимоя кунанд

© Пресс-служба Госдумы РФ / Гузаштан ба хазинаи аксПредседатель ЛДПР Владимир Жириновский
Председатель ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Сарфи назар кардани мушкили Афғонистон ба ҳуҷуми террористон ба Осиёи Марказӣ оварда мерасонад
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Русия бояд барои рафъи ҳамагуна таҳдидҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон кумак кунад.
Дар ин бора дар суҳбат бо шабкаи телевизионии "Россия 24" раҳбари ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский ҳарф зад.
Ба гуфти ӯ, чунин тадбир яке аз роҳи ҳалли мушкили Афғонистон хоҳад буд.
Русия метавонад ҳукумати нави Афғонистонро эътироф накунад ва дар робита ба бад шудани авзои кишвар ягон тадбирандешӣ нанамояд, аммо он гоҳ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ "гурӯҳи ҷиноятпешаи ДОИШ*" ворид мешавад, изҳор дошт Жириновский.
Председатель ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2021
Жириновский гуфт кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русия истифода мекунанд
Ҳамчунин ба ақидаи ӯ, тақсимоти кишвар метавонад роҳи ҳалл бошад.
Ёдрас мешавем, ки пас аз забти Кобул, раҳбарони ҷангиён қасри президентро ишғол карданд ва аз анҷоми ҷанг дар ҷумҳурӣ хабар доданд.
Президент Ашраф Ғанӣ гуфт, ба хотири амнияти мардум кишварро тарк мекунад.
Ҳазорон шаҳрвандони кишвар аз тарси Толибон* ба фурудгоҳ рехтанд. Ин ягона роҳи аз кишвар баромадан ё фирор кардан аст, чун ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ таҳти назорати Толбион* қарор дорад.
Ашраф Ғанӣ ҷояшро гуфту эълон кард, ки ба Афғонистон бармегардад - видео
Аксари кишварҳо ҳавопаймоҳои худро ба фурудгоҳ фиристоданд, то хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандонашонро берун кунанд. Пас аз чанд вақт, Толибон* аз қатъи парвозҳои шаҳрвандӣ гуфтанд.
Пассажиры в аэропорту Кабула  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Теъдоди қурбониён дар фурудгоҳи Кобул маълум шуд
Дар фурудгоҳ бесарусомонӣ сар шуд: одамон ба ҳавопаймоҳҳо часпиданд. Навори даҳшатоваре низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, ки дар он дида мешавад, чӣ гуна ҷасади афғонҳое, ки ба ҳавопаймо часпида буданд, аз ҳаво сарозер мешавад,
"Одамони часпида ба ҳавопаймо меафтанд": навори мудҳиш
Барои пароканда кардани издиҳом сарбозони амрикоӣ ва Толибон* оташбаси огоҳкунанда кушоданд. Бо вуҷуди даъвати тарк кардани фурудгоҳ, ҳазорон нафар дар фурудгоҳи Кобул боқӣ мемонанд.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала