Даромади соҳибкорони ВМКБ 54% кам шуд: азми Маркази соҳибкории Хоруғ барои беҳбуди вазъ

© дафтари матбуоти Донишгоҳи Осиёи МарказӣМаркази соҳибкории навтаъсис дар шаҳри Хоруғ
Маркази соҳибкории навтаъсис дар шаҳри Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Маркази соҳибкории навтаъсис дар Хоруғ ният дорад, баробари омӯзиши тоҷирони хурду деҳқонон, инчунин Иттиҳодияи қарзии хатмкунандагон барои оғози тиҷоратҳои навро роҳандозӣ кунад
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Диловар Бутабеков, директори Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, таъсиси Маркази соҳибкориро умеде барои тиҷоратҳое хонд, ки дар пайи бемории ҳамагири COVID-19 зарар диданд.
Маркази соҳибкорӣ аз ҷониби Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таъсис ёфта, ҳадафи он машваратдиҳӣ, омӯзиш ва дастгирии тавлиди даромад ва рушди бозор барои роҳбарони тиҷоратҳои хурд ва деҳқонони минтақа арзёбӣ шудааст.
Ба суол, ки чаро Донишгоҳи Осиёи Марказӣ майли рушди соҳибкориро дорад, дафтари матбуоти Донишгоҳ аз қавли ректори он, Суҳайл Нақвӣ посух додааст, ки ҳадаф беҳбуди зиндагии мардум мебошад.
“Ҷавоб сода, вале ҳамзамони мураккаб ҳам аст. Сода ба он хотир аст, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бахши ҷудонопазири Шабакаи Оқохон оид ба Рушд (AKDN) мебошад, ки ҳадафи мушаххас ва рӯшани он беҳбудбахшии сифати зиндагии мардум аст”, - изҳор доштаст ректор.
Нақвӣ мураккабии посухро ба он марбут донистааст, ки фаъолияти муассисаи омӯзишӣ дар атрофи дониш аст.
“Аммо, агар мо мехоҳем сифати зиндагии мардумро беҳбуд бахшем, ин дониш бояд барои дастгирӣ ва истиқбол аз талоши башарият аз тариқи соҳибкорӣ роҳ ва воситаҳое пайдо кунад”, - тавзеҳ додааст Нақвӣ.
Нахустин хатмкунандагони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Оқохони IV ба хатмкунандаҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз ҳоли гузаштаю умедаш ба оянда гуфт
Ба иттилои дафтари матбуоти ДОМ, бар асари бемории ҳамагири COVID - 19 даромади моҳонаи соҳибкорони инфиродӣ дар ВМКБ-и Тоҷикистон 54% коҳиш ёфт. Таъкид шудааст, ки барои кумак ба баромадани мардум аз ин вазъият Маркази соҳибкории Хоруғ бо гирди ҳам овардани ширкатҳои навтаъсис, мушовирони тиҷоратӣ, сармоягузорони минтақа ва ҷаҳон роҳҳои навоваронаро дар ростои роҳандозии тиҷоратҳои рақобатпазир, брендҳои минтақавӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ муаррифӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала