Эрдуғон Толибонро ба кишвараш хонд: Ӯ хостори накӯаҳволии қавмҳои турки Афғонистон шуд

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган во время встречи с президентом РФ Владимиром Путиным на полях "Группы двадцати"
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган во время встречи с президентом РФ Владимиром Путиным на полях Группы двадцати  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Обуна шудан
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, изҳор дошт, ки кишвараш ҳанӯз ҳам ҳадафи таъмини амният дар фурудгоҳи Кобулро дорад
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Туркия эълон дошт, нақшаҳои қаблӣдар мавриди таъмини амният дар фурудгоҳи Кобул бинобар бесарусомониҳо ҳафтаҳои охир бекор карда шуданд, аммо ин кишвар ҳанӯз ҳам ҳадафи ҳамкорӣ дар таъмини амнияти фурудгоҳи Кобулро дорад.
Эрдуғон зимни як суҳбати телевизионӣ изҳор доштааст, ки вақте Толибон* назорати кишварро ба даст гирифтанд, тасвири воқеиятҳо дигар шуд, навиштааст сомонаи Тулӯъ.
Ба иттилои манбаъ Эрдуғон таъкид намудааст, ки нақшаҳои худро мувофиқ ба воқеиятҳои ҷадид бознигарӣ мекунанду музокиротро бо назардошти вазъи феълӣ идома хоҳанд дод. Туркия бо тамоми ҷонибҳо дар Афғонистон тамосҳоро давом медиҳад, таъкид намудаст Эрдуғон.
Видео РИА Новости. Талибы открыли стрельбу на празднике Дня независимости - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Чигуна Толибон ҷониби издиҳоми мардум тир кушоданд - видео
Раисиҷумҳури Туркия инчунин аз изҳороти муътадили Толибон*, ки баъди ғасби Кобул эълон медоранд, истиқбол намудаст.

"Барои оромии мардуми Афғонистон, некӯаҳволии қавмҳои турки мо, ки дар он кишвар зиндагӣ мекунанд ва барои ҳимояи манфиатҳои кишварамон, мо ба ҳама гуна ҳамкорӣ омода ҳастем", - изҳор дошт Эрдуғон. Ӯ раҳбарони Толибонро* барои музокирот ба Туркия хонда, омодагии мизбонияшро баён доштаст.

Қаблан эълон шуда буд, ки Туркия баъди хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ масъули таъмини амнияти фурудгоҳи Кобул хоҳад буд, аммо ғасбкориҳои босуръати Толибон* тасвири нави воқеиятҳоро ба вуҷуд овард.
Феълан Толибон* ба истиснои вилояти Панҷшер музофотҳои боқимондаро зери назорати худ қарор додаанд. Нерӯҳои зиддитолиб дар Панҷшер ҷамъ шуда истодаанд ва эълон медоранд, ки барои озодии Афғонистон мубориза хоҳанд бурд.
*-созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0