Кордкашии додар сӯи бародарбузурги 57-солааш

© Sputnik / Амир ИсаевВорота в Куляб
Ворота в Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодисаи кордкашии бародар сӯи бародар дар шаҳри Кӯлобро таҳқиқ мекунанд
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Маъмурини милиса марди 46-сола, сокини шаҳри Кӯлобро бо гумони қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ дастгир карданд, хабар дод ВУД Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса 19-уми августи соли 2021, тахминан соати 04:30-дақиқа дар хонаи истиқоматии бародарон рух додаст.
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Дар даст силоҳ: Омбудсмен гуфт, соли 2020 ноболиғон чӣ қадар ҷиноят содир кардаанд
"Марди 46-сола бо бародараш марди 57-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 7 маротиба ба узвҳои баданаш задааст", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Қаблан мақомоти умури дохилии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки бисёре аз ҷиноёти вазнин дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ рух медиҳанд ва аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки ботаҳаммул бошанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала