Панҷ одате, ки умри инсонро кӯтоҳ мекунад

© PixabayТелефон
Телефон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Яке аз одатҳои бади одами замонавӣ ин хоб кардан дар назди телефон аст, ки инсонро бехобу беҳол мекунад
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Пизишки амрикоӣ Кэти Белфи панҷ одати бади ҳаррӯзаи инсонро ном бурд, ки ба саломатӣ ва давомнокии умри инсон таъсири манфӣ дорад, менависад "Московский комсомолец".

Интернет

Дастрасии ҳамешагӣ ба ҷустуҷӯи онлайнӣ инсонро қариб пурра аз фикр кардан боздошт, қайд мекунад Белфи. Муайян шуда, ки чунин одат инсонро танбал мекунад ва фикрронии аналитикиро дар ӯ коҳиш медиҳад.
Ба гуфти коршинос, ин қобилияти кунҷковии табиии инсонро суст мекунад ва пеши роҳи раванди фикрронии мустақилонаро мегирад. Ин сабаби он мешавад, ки инсон дигар цобилияти мустақилова ва сари вақт қабул кардани қарорро аз даст медиҳад.

Сари вақт истеъмол накардани ғизо

Пизишки ғизошинос Кейт-Томас Айуб маслиҳат медиҳад, ки бояд наҳорӣ кард ва шомгоҳон онқадар зиёд нахӯрд, чун меъда шаб ба ҷои истироҳат кардан бояд ғизои истеъмолкардаи шуморо ҳазм кунад ва босуръат кор кунад.
Орехи и сухофрукты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Топ - 5 ғизо, ки инсонро ҷавон нигоҳ медоранд
Ин сифати хобро паст мекунад ва ҳангоми бедор шудан, инсон худро хаста эҳсос мекунад. Сарфи назар кардани саҳархӯрӣ ва истеъмоли хӯроки серғизо пеш аз хоб, ба фарбеҳшавӣ ва баланд шудани сатҳи қанд дар хун боис мешавад.

Истеъмоли ками мева ва сабзавот

Истеъмоли мева ва сабзавот ҳар рӯз ба миқдори муайян бисёр зарур аст. Онҳо аз витамин ва минералҳо бой ҳастанд. Истеъмоли ками мева ва сабзавот метавонад ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонад.
Норасоии онҳо метавонад инсонро ба маризиҳои гуногун аз қабили бемориҳои қалб, инсулт, саратони рӯдаи ғавс гирифтор кунад.

Тамошои телевизион

Равоншиносон мегӯянд, аксари мардум аз бекорӣ ба тамошои ахбороти бад мепардозанд ва ба таъсири манфии он нигоҳ накрада, наметавонанд чунин одаташонро бас кунанд. Таҳлилгарон тамошои ахборои бадро боиси дипрессия ва нороҳатӣ ҳамчунин саломатии бади равонӣ медонанд, таъкид мекунад Белфи.

Хоб кардан дар назди телефон

Ин яке аз одатҳои бадтарин ва хатарноктарин аст. Коршиносн мегӯянд, телефон аз худ ранги кабуд хориҷ мекунад, ки саломатии инсонро барҳам мезанад.
Чунин одат инсонро ба бехобӣ ва беҳолӣ гирифтор мекунад. Пизишкон маслиҳат медиҳанд, ки барои ҳифзи саломатии худ бояд ним соат пеш аз хоб аз истифодаи телефон даст кашид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала