Паёми Шабнами Сурайё ба мардуми Афғонистон - навор

© Пресс-служба МОМ / DINARA IBRAIMOVAПевица и посол доброй воли Шабнам Сурайе на встрече в Астане
Певица и посол доброй воли Шабнам Сурайе на встрече в Астане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Обуна шудан
Шабнами Сурайё, овозхони шинохтаи тоҷик шарикияшро ба мардуми Афғонистон дар рӯзҳои сахташон баён доштааст
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Шабнами Сурайё таслияташро ба мардуми Афғонистон изҳор дошта, барояшон рӯзҳои хуш таманно кардааст.
Овозхон дар саҳифааш дар Instagram наворе бо парчами Афғонистон ва суруди меҳанпарастиро нашр кардааст.
Шабнам дар шарҳи навор аз Худо барои афғонистониҳо сулҳу сафо хоста, бо таъкиди он ки ҳамаашонро сахт дӯст медорад, илова намудааст, ки дар ғаму хушияшон шарик аст.
Шабнами Сурайё, овозхони тоҷикест, ки дар Афғонистон низ аз маҳбубият бархӯрдор мебошад. Ӯ солиёни зиёд бо аҳли фарҳанги Афғонистон ҳамкорӣ карда, осори муштарак пешниҳоди мухлисон кардаанд.
Ин ҳамдардии Шабнам дар ҳолест, ки бархе аз намояндагони бахши фарҳанги Афғонистон бар инанд, ки бо омадани Толибон* сари қудрат фазои эҷодӣ дар кишвар маҳдуд мегардад.
Паралимпиада 2014. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Вокуниши Шабнами Сурайё ба лату кӯби пиразан аз ҷониби духтараш: "лаънат ба ин фарзанд"
Толибон* тайи чанд ҳафта аксари музофоти Афғонистонро ғасб карда, эълон доштанд, ки мувофиқи шариати Ислом ҳукмронӣ хоҳанд кард. Феълан Панҷшер ягона вилояти берун аз тасаллути Толибон* мебошад, ки дар он нерӯҳои зиддитолиб ҷамъ омадаанд ва изҳор медоранд, ки бо ҷангиёни ин ҷунбиш мубориза мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0