Пешбинӣ: ҳарорат дар Тоҷикистон то 36 дараҷа мешавад

© Sputnik / Владимир Песня / Гузаштан ба хазинаи аксЖенщина с детьми в жилом комплексе
Женщина с детьми в жилом комплексе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Ҳавошиносон дар ҷумҳурӣ барои рӯзи ҷумъа, 20 август то 36 дараҷа гармиро пешбинӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Дар Душанбе ҳавои 34+36 дараҷа гарм мешавад, гузориш медиҳад Агентии обуҳавошиносии кишвар.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.
Шамол аз самти шарқ бо суръати суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо асосан бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд.
Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Селевой поток - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Ҳушдор аз селфароӣ дар ВМКБ ва даъват аз мардум: ба шикор ва ҷамъоварии ҳезум наравед
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст.
Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+213 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш к дар назар аст.
Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала