Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Полковники мустаъфӣ: Тоҷикистон наметавонад ба ҳамлаи Толибон тоб орад

© APБоевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Обуна шудан
Коршиноси низомӣ мутмаин аст, ки бо технологияи амрикоӣ Толибон (ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ба як нерӯи хеле ҷиддӣ табдил меёбанд
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Ба назар мерасад, ки Иёлоти Муттаҳида ҳангоми хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон силоҳ ва техникаи қасдан бо мақсади таҳкими Толибон партофта рафтанд, мегӯяд полковники мустаъфӣ Виктор Баранетс, коршиноси соҳаи низомӣ.
Вай қайд кард, ки аз 300 000 сарбози афғон тақрибан сеяки онҳо ба ҷангҷӯён пайвастанд. Ин маънои онро дорад, ки сарбозони омӯзонидашуда дар артиши Толибон пайдо шудаанд.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Ифшои манбаи даромаду ҳазинаҳои Толибон*
"Ва комилан имконпазир аст, ки онҳо артиши 160 -ҳазорнафариро ба шимол - Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ҳаракат бубаранд", - бо эҳсосот гуфт коршинос.
Баранетс қудрати эҳтимолии низомии Толибонро бо шумораи нирӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ муқоиса карда, қайд кард, ки ин нишондодҳо умуман дар ҷониби Тоҷикистон ва Узбекистон нестанд.
Коршинос афзуд, бовар кардани он ки Амрико тасодуфан ҳама аслиҳаву муҳимотро ба Толибон гузоштааст, ғайриимкон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0