Президент аз ҷиноятҳо дар Вазорати молия гуфт: 5, 2 миллионро аз худ кардаанд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ин маблағҳоро асосан кормандони кадом бахши вазорат ғайриқонунӣ соҳиб шудаанд
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо кормандони соҳаи молия аз камбудиҳо дар соҳа гуфт.
Президент афзуд, ки соли гузашта ҷинояти ғайриқонунӣ аз худ кардани 5,2 миллион сомонӣ дар вазорат ошкор шудааст.
"Дар натиҷаи тафтиши фаъолияти Вазорати молия ва ҳафт сохтори зертобеи он, ки соли 2020 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузаронида шудааст, дар маҷмӯъ, ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ зарарӣ молиявӣ ошкор гардидааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад", - изҳор дошт президент.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон на открытии музея в ТНУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Бинои нави Вазорати молия ба истифода дода шуд
Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, зарари молиявии калон асосан дар дастгоҳи марказии вазорат ошкор шудааст.
Раисҷумҳур ҳолати мазкурро шаҳодат аз мавҷуд будани омилҳои ба содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ғайримақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ ва суйистифода аз ваколатҳои мансабӣ дар низоми Вазорати молия номид.
Ӯ роҳбарияти Вазорати молияро вазифадор кард, ки ҷиҳати риояи интизоми давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияту масъулияти кормандон ва пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои қатъӣ андешад ва низоми идораи вазоратро дар ин самт ба таври ҷиддӣ тақвият бахшад.
Лентаи хабарҳо
0