Президент хост, миёни онҳое, ки бо пули давлат сарукор доранд, занон бештар бошанд

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонМулоқот бо кормандони бахши молия ва андоз дар бинои нави Вазорати молияи Тоҷикистон
Мулоқот бо кормандони бахши молия ва андоз дар бинои нави Вазорати молияи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори бештар шудани теъдоди занон миёни кормандони бахши молияи кишвар шуд
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Феълан дар низоми Вазорати молияи Тоҷикистон 1453 корманд фаъолият дошта, аз онҳо ҳамагӣ 329 нафар ё 23 фоиз занону бонувон мебошанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ин теъдоди занон миёни кормандони бахши молия кофӣ нест. Ӯ инчунин аз камбудӣ дар донишу малакаи кормандони соҳа гуфт.
"То ҳол донишу малакаи на ҳамаи кормандони соҳа, хусусан, дар самти фаъолияти таҳлилӣ, истифодаи технологияҳои молиявӣ ва иттилоотиву коммуникатсионӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад", - изҳор дошт Раҳмон.
Ӯ таъкид намуд, ки идораи босамари захираҳои инсонӣ омили муҳимми таъмини рушди ҳамаи соҳаҳо ба ҳисоб меравад. Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати молияро муваззаф намуд, ки барои ислоҳои ин камбудиҳо чораҷӯӣ кунад.
Мулоқот бо кормандони бахши молия ва андоз дар бинои нави Вазорати молияи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Раҳмон ба мақомдорон: мақсад аз Кодекси нав зиёд намудани сарбории андоз нест
Гилаи раисиҷумҳур аз камбуди занон миёни кормандони бахши молия дар ҳолест, ки ӯ қаблан низ алоқаи зиёди худро ба ҳузури занон дар мақомҳои давлатӣ ва ҳузури муассири онҳо дар ҷомиа баён дошта буд. Аз ҷумла дар як суханрониаш гуфта буд, ки онҳо дар қиёс бо мардон аз омоли коррупсионӣ парҳез мекунанд ва дар кори худ садоқат доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала