Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе се иншооти нав ифтитоҳ кард: дутоашро соҳибкорон сохтанд

Рустам Эмомали и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Ҳар сеи иншоот ба муносибати 30-солагии пойтахт бунёд шудаанд
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар пойтахт се иншооти нав ба истифода дода шуд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.
Ҳамин тавр, дар ноҳияи Шоҳмансур "Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе" ифтитоҳ шуд.
Бино ба гузориши котибот, ин таълимгоҳ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдураззоқ Саидов- муассиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Авитсена" бунёд шудааст.
Тибқи лоиҳа, "Литсейи рақами 4" барои 1440 нафар хонанда дар ду баст фаъолият хоҳад кард. Таълимгоҳ аз 4 бинои ба ҳам пайвасти 4-ошёна иборат аст.
Ноый Брачный дом  Дворец счастья в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Эмомалӣ Раҳмон "Қасри бахт"-ро дар Душанбе ифтитоҳ кард
Ҳамчунин, сиёсатмадорон дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе"-ро ба баҳрабардорӣ расониданд.
Ин муассисаи таълимӣ низ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ сохта шудааст.
Гимназияро роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои "Ғаюр" Акбар Ғуломов бо харҷи 42 миллион сомонӣ бунёд кардааст.
Манбаъ афзуда, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 100 то 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.
Иншооти сеюм ин бинои Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошад.
Масоҳати умумии он 3,4 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, фармоишгари иншоот Кумитаи андоз, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Строй Комплекс" ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Прект инвест" будааст.
Иншоот аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, андозсупорандагон ва маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст ҷойгир аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала