Раҳмон ба мақомдорон: мақсад аз Кодекси нав зиёд намудани сарбории андоз нест

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонМулоқот бо кормандони бахши молия ва андоз дар бинои нави Вазорати молияи Тоҷикистон
Мулоқот бо кормандони бахши молия ва андоз дар бинои нави Вазорати молияи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷиикстон, мегӯяд, сиёсати молиявӣ бояд ба ҳавасманд кардани бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ равона карда шавад
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Пешбурди сиёсати молиявӣ, хусусан, масъалаҳои андозу буҷет бояд ба ҳавасманд намудани фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ равона карда шавад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо масъулини бахши молияи кишвар.
Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки мақсади таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав на зиёд намудани сарбории андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ, балки содаву шаффоф гардонидани маъмурикунонии он мебошад.
Ӯ аз ҳадафҳои дигари таҳияи Кодекси ҷадид истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ, бартараф намудани таъсири омили инсонӣ ва мусоидат ба густариши раванди саноатикунонии босуръати кишвар хонд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки гузаронидани корҳои назорату санҷиши андозӣ танҳо дар заминаи мавҷудияти далелҳои асоснокшуда ва бо риояи талаботи қонунгузории амалкунанда роҳандозӣ карда шавад.
Эмомали Рахмон на совещании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Прокурор ба ҳимояи соҳибкор: фармони Президент барои тағйирот дар сохтори Додситонии кул
"Ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ ҷиҳати таъмин намудани мувозинати қисми даромади буҷети давлатӣ тавассути пардохтҳои андозӣ яке аз вазифаҳои асосии Кодекси андоз дар таҳрири нав ба ҳисоб меравад", - афзуд ӯ.
Раисиҷумҳур хостори сода гардонидани раванд ва расмиёти имтиёзҳо ба сармоягузорон ва соҳибкорон шуда, тақвияти ҳамкориҳои байниидоравӣ ва вусъатдиҳии муколамаи давлат бо бахши хусусиро муҳим хонд.
Вазорати молия ва Кумитаи андоз муваззаф шуданд, ки ин масъалаҳои муҳимро дар лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав ба эътибор гиранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала