Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Пас аз як-ду шаби фаромӯшнашаванда: ситораи машҳури афғон аз Толибон фирор кард

© instagram / @aryanasayeedofficialАфганская певица Ариана Саид
Афганская певица Ариана Саид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Ӯ аз тарси таъқиб аз ҷониби террористҳо тарки ватан кард
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Ориёна Саид, ситораи машҳури афғонистонӣ пас аз ба сари қудрат омадани гурӯҳи тундгарои Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) тарки ватан кард.
Нахуст овозхона ба Қатар фирор карда, ба Туркия парвоз доштааст.

"Ман зинда ва саломатам. Пас аз як-ду шаби фаромӯшнашаванда, ман билохир дар Доҳа ҳастам ва хатсайри Истамбулро интизорам", - навиштааст шоми панҷшанбе, 19 август Ориёна дар саҳифааш дар Инстаграм.

Вай афзудааст, ки ҳангоми ба хона расидан ҳамаи он воқеаҳоеро, ки шоҳид гашт, ба ҳамвандонаш нақл мекунад. Дертар овозхон хабар додааст, ки ба Туркия расид.
Ҷангиёни “Толибон”* муҷассамаи Абӯалии Мазорӣ, раҳбари маънавии ҳазораҳоро дар Бомиён аз байн бурданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
“Эълони ҷанг бо ҳазораҳо”: Толибон муҷассамаи раҳбари онҳоро тахриб карданд
Ориёна Саид аз чеҳраҳои маъруфи телевизион дар Афғонистон аст. Ӯ муҷрии барнома ва ҳакамони бахши авғонии шоу-барномаи "Голос" буд. Овозхон дар консерту ҷашнвораҳои дохиливу хориҷӣ фаъолона иштирок мекард. Шумораи ҳамвандони Ориёна дар Инстаграм беш аз миллион нафар мебошад.
Овозхон тариқи ҳавопаймои боркашони ИМА, ки пас аз ғасби ҳукумат аз ҷониби толибон яке аз нахустинҳо шуда, аз Кобул парвоз кард, худро ба Қатар расонидааст.
Пештар коргардони ширкати давлатии "Афғонфилм" Саҳро Каримӣ низ тарки Афғонистон карда буд. Ба қавли ӯ, Толибон ба вай барои риоя накардани аҳкоми шариат таҳдид мекарданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала