Соҳибкорони Ҷумҳурии Бошқирдистон барои таҳкими равобити тиҷоратӣ ба вилояти Суғд омаданд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиВстреча деловых кругов Согдийской области и Республики Башкортостан.
Встреча деловых кругов Согдийской области и Республики Башкортостан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии доираи соҳибкории вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Бошқирдистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомти вилояти Суғд, ахиран меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд доираи соҳибкории вилояти Суғд ва ҷумҳурии Бошқирдистон ҳамкориҳои тиҷоратиро баррасӣ карданд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар ин дидор аз ҷумҳурии Бошқирдистон 15 намояндаи доираҳои тиҷоратӣ ва роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли ширкат доштанд.
Қайд карда шудааст, ки дидори мазкур аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати вилоят, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи давлатии муносибатҳои байналхалқии Бошқирдистон баргузор карда шудааст.
Чрезвычайный и Полномочный посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2019
Талоши Имомуддин Сатторов барои ҷалби сармояҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон ба Тоҷикистон
Иттилоъ дода шудааст, дар ҷараёни вохӯриҳо дар формати В2В, доираҳои тиҷоратии ду минтақа имкониятҳои тиҷорати мутақобила, ташкили интиқоли маҳсулоти дорои талабот ба бозорҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо иштироки сармояи хусусиро дар соҳаҳои ба монанди: хӯрокворӣ, бофандагӣ, кимиёвӣ, кишоварзӣ, чарм ва пойафзол, саноати электротехникӣ, технологияҳо ва таҷҳизоти саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, туризм ва ғайра баррасӣ намуданд.
“Дар вохӯри аз Бошқирдистон зиёда аз 15 намояндаи доираҳои тиҷоратӣ ва роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли ширкат намуданд. Инчунин роҳбарони 30 корхонаҳои вилоят, аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон иштирок намуданд”, - таъкид доштааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд дар доираи ин вохӯрӣ бо Лена Изотова, муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии муносибатҳои байналхалқӣ, Ильдус Халилов, директори ташкилоти автономии ғайритиҷоратии “Маркази дастгирии содироти” ва бо роҳбарони якчанд корхонаҳои ҷумҳурии Бошқирдистон вохӯрӣ намуд.
Черешня на прилавке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2021
Тоҷикистон содироти гелосро бар Русия 20 баробар бештар кард
Қайд карда шудааст, ки масъулини Тоҷикистон аз доираҳои тиҷории ҷумҳурии Бошқирдистон зимни дидор ба ташкили корхонаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятноки Тоҷикистон бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва ба роҳ мондани содироти молу маҳсулот аз вилоят, ташкили сафарҳои омӯзиши барои доираи соҳибкорон даъват кард.
Илова карда шудааст, ки меҳмонон дар доираи сафарашон ба Суғд аз инкониятҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” шинос хоҳандж шуд ва аз минтақаҳои сайёҳӣ дидан хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала