Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Чигуна Толибон ҷониби издиҳоми мардум тир кушоданд - видео

Обуна шудан
Дар пайи тирандозӣ дар Асадобод дастикам 3 тан ҳалок шуданд
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе аз кучаҳои минтақаи Асадободи ноҳияи Кунари Афғонистон нашр гардид, ки дар он гурӯҳи тундгарои Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ҷониби издиҳоми мардум тир мекушоянд.
Маълум аст, ки сокинони маҳаллӣ барои таҷлили Рӯзи истиқлолияти ҷумҳурӣ ба кӯчаҳо баромадаанд. Ҷангҷӯён сӯи издиҳом ва як мошин ки зери парчами миллии серангаи кишвар мегузашт, тирандозиро оғоз карданд. Дар натиҷаи ин ҳодиса се нафар кушта шуданд.
Пас аз як-ду шаби фаромӯшнашаванда: ситораи машҳури афғон аз Толибон фирор кард
Дар яке аз наворҳое, ки дар Твиттер нашр шудааст, метавон мошинеро дид, ки бо парчами миллӣ роҳи Асадободро убур мекунад. Пас аз он садои тир ба гӯш мерасад.
Дар наворҳо нишон дода шудааст, ки одамон дар кӯча давида истодаанд, доду фарёд ба гӯш мерасад.
"Имрӯз Толибон одамонеро тирборон карданд, ки рӯзи истиқлолият дар Кунарро ҷашн мегирифтанд. Чанд нафар кушта ва захмӣ шуданд. Ин чеҳраи аслии Толибон аст" - навиштааст муаллифи навор.
“Эълони ҷанг бо ҳазораҳо”: Толибон муҷассамаи раҳбари онҳоро тахриб карданд
Ин бори аввал нест, ки ҷангҷӯён ба сӯи мардуми осоишта оташ кушодаанд. Як рӯз пеш онҳо ба сӯи иштироккунандагони гирдиҳамоии пуштибонӣ аз парчами Афғонистон дар Ҷалолобод ва ба сӯи мардуме, ки дар фурудгоҳи Кобул ҷамъ омада буданд, тирандозӣ карданд. Дар натиҷа чанд тан захмӣ ва ҳалок гардид.
Лентаи хабарҳо
0