Ҳалокати беш аз ҳазор нафар дар паи заминҷунбӣ дар Ҳиндустон: 21 август дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 21 августа
День 21 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Обуна шудан
Рӯзи бисту якуми август дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии хотира ва ёдбуди қурбониёни терроризм аст

Рӯзи 21 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1924 Голландия фурӯши машруботи спиртиро ба ИМА манъ намуд.
Соли 1947 Иттиҳоди Шӯравӣ барои ба узвияти СММ шомил шудани Италия ва Австрия ризоият надод.
Соли 1965 Руминия давлати сотсиалистӣ эълон карда шуд.
Соли 1988 бар асари заминларза дар шимоли Ҳиндустон ва Непал 1 ҳазору 500 нафар ба ҳалокат расиданд.
День 20 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Дар Тоҷикистон рӯзи ихтироъкорон ва навоварон: 20 август дар таърих
Соли 1965 аввалин маротиба дар бозии футболи Англия зимни бозӣ ивазкунии бозингарон иҷозат дода шуд.
Соли 1981 аввалин маротиба олимон оид ба хавфи гармшавии иқлим хабар доданд.

Рӯзи 21 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1936 Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ ёфт.
Соли 2013 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи ЮНЕСКО расман ифтитоҳ гардид.
Соли 2008 дар Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ дар Пекин аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон варзишгари тоҷик Юсуф Абдусаломов оид ба варзиши тарзи озод медали биринҷӣ ба даст овард.
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон сарвазири вақти Қирғизистон Жанторо Сатибалдиевро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба Тоҷикистон омад ба щузур пазируфт.
День 19 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Зодрӯзи Муборакшо Мирзошоев: 19 август дар таърих
Соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "НАНО-ТЕХ-М" ба истифода дода шуд.
Соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам "ТВ-Силк" коргоҳи нави адрасбофию атласбофии дастӣ ба кор дароварда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 21 август

Рӯзи байналмилалии хотира ва ёдбуди қурбониёни терроризм.
Дар Аргентина-Рӯзи ёдбуди генерал Сан Мартин (қаҳрамони муборизаҳо дар роҳи расидан ба истиқлолият).

Рӯзи 21 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои 1926-2006 – Ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ Оиша Сарварова.
Соли 1927 – Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Владимир Барботко.
Лентаи хабарҳо
0