Амниятиҳои Тоҷикистон ба низоми пурзӯри кор мегузаранд: чаро?

© Sputnik Совместные тактические учения специальных структур МВД Республики Таджикистан с Министерством общественной безопасности Китайской Народной Республики
Совместные тактические учения специальных структур МВД Республики Таджикистан с Министерством общественной безопасности Китайской Народной Республики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Дар саросари қаламрави Тоҷикистон ва инчунин дар сарҳадҳои берунии ҷумҳурӣ чораҳои пурзӯртари амниятӣ андешида мешаванд
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Нерӯҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва хадамоти махсуси Тоҷикистон фаъолияташонро пурзӯр мекунанд, хабар медиҳад оҷонсии "Авеста" бо истинод ба як манбаъ дар сохторҳои амниятии ҷумҳурӣ.
Қайд карда мешавад, ки "низоми казарма" дар кишвар аз охири моҳи август дар робита ба рӯйдодҳои дарпешистодаи сиёсиву фарҳангӣ эълон карда мешавад.
Гузариш ба шакли мукаммали хидмат бо таҷлили 30 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, инчунин омадани иштирокчиён ба нишастҳои сарони кишварҳои СПАД ва СҲШ алоқаманд аст ", - омадааст дар хабар.
Празднование дня независимости Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Маълум шуд, ки чӣ гуна Тоҷикистон Рӯзи истиқлолиятро ҷашн мегирад
Дар саросари кишвар, аз ҷумла дар сарҳадҳои берунии ҷумҳурӣ чораҳои пурзӯри амниятӣ, андешида мешаванд, кори полис бо нерӯҳои махсус тақвият дода мешавад.
Аз ҷумла, тақвияти постҳои пулис дар даромадгоҳҳои Душанбе дар назар аст.
Манбаъ қайд кард, ки ин чораҳо барои таъмини амният дар рӯзҳои рӯйдодҳои сиёсӣ андешида мешаванд.
"Дарвоқеъ, нерӯҳои амниятӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла марзбонон, афсарони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, хизматчиёни ҳарбии Вазорати дифоъ ва дигар сохторҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар, инчунин Вазорати корҳои дохилӣ ва дар робита ба вазъ дар Афғонистон хадамоти мукаммалро иҷро мекунанд ", - илова намуд манбаъ.
Ёдрас мешавем, Тоҷикистон Истиқлолро 9 сентябр ҷанш мегирад.
Нишасти юбилеии СҲШ рӯзҳои 6-17 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала