Бародар бо додар ҷанҷол карду кордро ба шикамаш зад - шарҳи ВКД

© PixabayНож в руке
Нож в руке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона бистарӣ гаштааст
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи ҷанҷоли хунуни баробар бо додарро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шарҳ додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса дар заминаи ҷанҷоли ҳарду, ки сабабаш гуфта намешавад, сар задааст.
Манбаъ менависад, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов дастгир шуд.
Ворота в Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Кордкашии додар сӯи бародарбузурги 57-солааш
"Номбурда ба қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ба додараш муттаҳам мешавад", - омадааст дар гузориш.
Ӯ санаи 10-уми августи соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо бародараш, марди 32-солаи сокини шаҳраки мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба тарафи чапи шиками охирон задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала