Михаил Хазин: элитаи Украина на дар фикри давлат, балки дар фикри дуздидан аст

© Sputnik / Александр КривошеевЭкономический эксперт, публицист Михаил Хазин
Экономический эксперт, публицист Михаил Хазин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Бо иқдоми минбаъдаи мақомот, иқтисоди Украина ба ояндаи бебозгашт рӯ ба рӯ мешавад
Украина 24 август 30 -юмин солгарди истиқлолро ҷашн мегирад. Дар ин муддат кишвар танҳо ба харобии иқтисодӣ, авҷи фасод ва таназзули истеҳсолот ноил шуд.
Иқтисоддон ва публисист Михаил Хазин ба Sputnik гуфт, ояндаи наздик иқтисоди Украинаро чӣ интизор аст.

Ҳоли табоҳи иқтисоди Украина

Пош хӯрдани ИҶШС ба ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ зарбаи сахт зад. Бо вуҷуди ин, Украина тақрибан ягона кишвари пасошӯравӣ аст, ки дар тӯли 30 соли истиқлолият ба сатҳи иқтисодии охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум ҳам, нарасидааст.
Люди слушают предвыборную речь президента Украины Петра Порошенко на Михайловской площади в Киеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Дефолт наздик аст: сиёсати зиддирусиягии Украина кишварро ба чӣ ҳол расонд?
Мувофиқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, соли 1990, вақте Эъломияи соҳибихтиёрии давлатӣ имзо шуд, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Украина ба ҳар сари аҳолӣ 3965 доллар буд. То соли 2020 ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Украина ҳамагӣ 3115 доллар баробар шуд.
Таваррум низ дар Украина вазъи фалокатбор дорад: дар 10 соли охир болоравии нархи молҳо қариб 200%-ро ташкил дод.
"Украина як давлати ноком аст, зеро модели иқтисодии он, ки набудани ҳамкорӣ бо Русияро пешбинӣ мекунад, миранда аст", - қайд мекунад Хазин.

Украинаро фурӯ мебаранд

Ба гуфти коршинос, ба зудӣ дар кишвар танҳо корпоратсияҳои фаромиллӣ боқӣ хоҳанд монд, ки "Украинаро фурӯ мебаранд".
"Мо ҳама мебинем, ки дар Афғонистон чӣ рух дод. Ба эҳтимоли зиёд, Украина мисли ҳама кишварҳои Аврупои Шарқӣ тақрибан бо ҳамон сенария дучор хоҳад шуд", - мегӯяд иқтисоддон.
Бывший президент Украины Виктор Янукович, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2021
Янукович сабаби асосии табаддулот дар Украинаро гуфт
Хазин мутмаин аст, ки мақомоти Украина ба рушди иқтисодӣ манфиатдор нестанд. Ғарб ва Иёлоти Муттаҳида Киевро ҷиддӣ қабул намекунанд ва танҳо аз он истифода мебаранд.
"Дар Украина, идеяи асосии мансабдорони сари қудрат - дуздӣ кардан то ҳадди имкон ва фирор намудан дар ниҳоят", - хулоса кард коршинос.
Дар бораи он, ки оё Украинаро дефолт интизор аст ва оё Ангела Меркел ҳангоми сафари худ ба Киев бо Владимир Зеленский масъалаи "Маҷрои Шимолӣ 2" -ро баррасӣ хоҳад кард - дар мусоҳибаи пурраи Sputnik ба забони русӣ тамошо кунед.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала