Маркази букмерии "Рахш"-ро ғорат карданд

© Flickr / Rob PongsajapanСейф. Архивное фото
Сейф. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Ғоратгарон сейфи маркази букмериро рабудаанд
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз ғорат шудани маркази букмерии "Рахш" дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса чор рӯз пеш рух додаву гумонбар дастгир шудааст.
Манбаъ менависад, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Арест, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Боздошти сокини Ишкошим дар Душанбе ба гумони ғоратгарӣ
Номбурда, санаи 17-уми августи соли 2021, тахминан соати 04:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба идораи букмерии “Рахш”, воқеъ дар рӯ ба рӯӣ бозорчаи Зарафшон даромада аз он ҷо 1-адад сандуқи оҳанин (сейф)- ро рабудааст.
Маркази букмерӣ ки ба ҶСП “Миллодиён” тааллуқ доштааст.
Тибқи иттилои ВКД, маблағи дохили сандуқ 5 ҳазору 860-сомонӣ буда, зарари расонидашуда 6 ҳазору 960-сомониро ташкил додааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала