Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Паноҳандае аз Афғонистон дар Ӯзбекистон кӯдак таваллуд кард

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузаштан ба хазинаи аксМедицинский работник и новорожденный ребенок в роддоме
Медицинский работник и новорожденный ребенок в роддоме  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Ҳоло кӯдак ва модар ба назорати мутахассисон ниёз доранд, аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, ки онҳоро як муддат дар беморхона нигоҳ бидоранд
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар байни гурезаҳое, ки аз Афғонистон ба Ӯзбекистон интиқол дода шуданд, як зани ҳомиладор буд. Шомгоҳӣ занро дарди фарзанд қапидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.
Зани ҳомиладор фавран ба таваллудхонаи клиникии рақами 4 -и шаҳри Тошканд интиқол дода шудааст. Дар ин ҷо бонуи 22-сола фарзанди нахустини худ-писареро бо вазни 3 кило ва 840 грамм таваллуд кардааст.
Пограничный Мост Дружбы Хайратон-Термез - предмет ностальгии по советско-афганской дружбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Афғонҳо ҳиллаи убур кардани сарҳади Ӯзбекистонро ёфтанд
Ҳоло кӯдак ва модар ба назорати мутахассисон ниёз доранд, аз ин рӯ тасмим гирифта шудааст, ки онҳоро як муддат дар беморхона нигоҳ медоранд.
Дар фурудгоҳе, ки аз Афғонистон парвозҳо қабул мешаванд, маркази тиббӣ ташкил карда шудааст, ки ба он кормандони хадамоти тиббӣ-санитарию эпидемиологӣ, инчунин гурӯҳҳои навбатдории ёрии таъҷилии Тошканд шомиланд.
Дар сурати зарурат ба паноҳандагон ёрии тиббӣ расонида мешавад.
Здание Госдепартамента США в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Тоҷикистон қаламрави худро барои транзит зимни интиқол аз Афғонистон пешниҳод кардааст
Имрӯзҳо, бинобар вазъи душвори Афғонистон, кишварҳои хориҷӣ шаҳрвандони худ ва паноҳандагони афғонро аз Кобул тавассути қаламрави Ӯзбекистон мекӯчонанд. Барои ташкили ин раванд як қатор сарони давлатҳо бо дархости кумак ба Шавкат Мирзиёев муроҷиат кардаанд.
Ба ин далел, терминали фурудгоҳи Тошканд-3 барои мусофирон муваққатан баста шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала