Путин роҳи ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистонро гуфт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Ба гуфтаи роҳбари Русия, бояд боз корҳои зиёдеро анҷом дод, то вазъ дар Афғонистон ба эътидол ояд
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел мулоқот кард, ки аз мавзӯъҳои асосии он вазъи феълии Афғонистон буд.
Дар нишасти матбуотие, ки дар пайи он мулоқот доир гардид, мӯҳтавои сӯҳбати сарони кишварҳо шарҳ дода шуд.
Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Путин: муҳим он аст, ки ҷангҷӯён ҳамчун паноҳҷӯ ба Осиёи Марказӣ ворид нашаванд
Аз ҷумла, Путин хурӯҷи нерӯҳои Аморико ва паймадҳои онро ба таври возеҳ тавзеҳ дод.
"Дар мавриди амалиёти ИМА ва НАТО дар Афғонистон, наметавон онро албатта, муваффақ номид, аммо гуфтан аз нокомӣ ба манфиати мо нест", - изҳор дошт раисҷумҳури Русия.
Путин афзуд, ки Русия ба эътидоли вазъ дар Афғонистон умед дорад, аммо барои ин бояд Русия, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо кӯшишҳои зиёдеро анҷом диҳанд.
Феълан, бо омадани толибон (ҳаракати террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) ба сари қудрат дар Афғонистон вазъи кишварро наметавон ором гуфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала