Чаро сафед кардани Толибон хатост?

Коршиносон мегӯянд, Амрико метавонист бо Толибон дар бораи "таслим кардани Афғонистон" ба мувофиқа расада бошад
Вячеслав Некрасов, намояндаи вижаи Иттиҳоди собиқадорони афғон дар Русия гуфт, барои чӣ "сафед кардани" Толибон маъно надорад ва чаро онҳо феълан каме нарм шудаанд.
Ҳамчунин коршинос тавзеҳ медиҳад, ки чаро низомиёни афғон силоҳашонро партофтанд, оё интизори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ҳастанд, бо занони афғон чӣ мешавад, оё сокинони маҳаллӣ метавонанд ба Толибон муқобилат кунанд.

Дар Афғонистон чӣ мегузарад

Ҷангҷӯёни Толибони радикалӣ 15 август бидуни ҷанг вориди Кобул шуда, ба ишғоли идораҳои давлатӣ, ки нерӯҳои ҳукуматӣ партофтаанд, шурӯъ карданд. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ кишварро тарк кард. Баъдтар Толибон эълом карданд, ки назорат бар тамоми манотиқи пойтахти Афғонистонро ба роҳ мондаанд.
Сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбӣ ба берун кардани дипломатҳо ва хонаводаҳои худ шурӯъ карданд ва сокинони пойтахт ба таври оммавӣ тарки Кобул намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала