Вазорати маорифи Афғонистон замони азсаргирии таҳсил дар донишгоҳҳоро эълон кард

© AP / Ahmad JamshidАфганские студенты на уроке
Афганские студенты на уроке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Обуна шудан
Вазорати таҳсилоти олӣ тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик дарсҳо дар донишгоҳҳои Афғонистон аз сар гирифта шавад
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Вазорати маълумоти олии Афғонистон тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик дарсҳо дар донишгоҳҳои ин кишвар аз сар гирифта шавад.
"Вазорати таҳсилоти олӣ тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик дарсҳо дар донишгоҳҳои кишвар аз сар гирифта шавад", - омадааст дар иттилоия.
Хабар дода мешавад, ки муаллимон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии хусусӣ ва давлатӣ пас аз қабули қарори расмӣ дар бораи санаи аз сар гирифтани дарсҳо огоҳ карда мешаванд.
Человек пишет в блокноте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Донишҷӯёни Афғонистон аз ин ва баъд метавонанд дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон таҳсил кунанд
Ҳоло вазорат ба ташкили раванди таълим дар донишгоҳҳо машғул аст.
Қаблан Донишгоҳи федералии Урал эълом карда буд, ки ба донишҷӯёни Афғонистон барои қабул ва кӯчонидани онҳо дар хобгоҳҳо кумак хоҳад кард.
Дар маҷмӯъ, ҳоло дар Русия 1441 донишҷӯ аз Афғонистон таҳсил мекунанд. Аз ҳама бештар - дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, дар ҷои дуюм Донишгоҳи федералии Урал мебошад.
Лентаи хабарҳо
0