Тавлиди 500 ҳазорумин сокин дар Душанбе ва зодрӯзи Нуралиев: 22 август дар таърих

День 22 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2021
Рӯзи 22 август дар Русия –Рӯзи Парчами миллӣ мебошад. Соли 1979 дар ин рӯз дар Душанбе 500 ҳазорумин сокин таваллуд шуд

Рӯзи 22 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1864 конвенсияи аввали Женева имзо шуд.
Соли 1930 анҷумани якуми забоншиносҳои Тоҷикистон доир гашт.
Соли 1932 "Би-Би-Си" нахустин бор пахши санҷишии телевизионашро роҳандозӣ намуд.
Соли 1984 варзишгардухтари америкоӣ Эвелин Эшфорд барои давидан ба масофаи 100 метр дар 10,76 сония миёни занон рекорд гузошт.
День 20 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Дар Тоҷикистон рӯзи ихтироъкорон ва навоварон: 20 август дар таърих
Соли 1989 дар Қазоқистон забони қазоқӣ забони давлатӣ эълон карда шуд.
Соли 1991 парчами таърихии серангаи Русия барқарор карда шуд.
Соли 1944 дар муассисаҳои таҳсилотии Ҷопон машғулиятҳо манъ карда шуда, кӯдакон ба фабрикаю заводҳо ҷалб гардиданд.
Соли 2001 дар Пекин 21-умин Бозиҳои байналмилалӣ миёни донишҷӯён баргузор гардид.

Рӯзи 22 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1979 дар Душанбе 500 ҳазорумин сокин таваллуд шуд.
Соли 2007 ширкати эронии Сангоб сохтмони "Сангтӯда-2"-ро оғоз кард.
Соли 2005 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" таъсис дода шуд.
Соли 2011 Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.
День 19 августа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2021
Зодрӯзи Муборакшо Мирзошоев: 19 август дар таърих
Соли 2016 таҳти раёсати Президент Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Соли 2016 ба муносибати оғози 75-умин солгарди мавсими театрӣ дар Театри давлатии академӣ-драмавии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи консертӣ баргузор гардид.
Соли 2017 дар вилояти Суғд Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 22 август

Дар Русия –Рӯзи Парчами миллӣ.

Рӯзи 22 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Абдусаттор Нуралиев (1941) – доктори илми филологӣ, профессор;
Лидия Гончарова (1922) – устоди рақс, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон;
Кароматулло Қаландаров (1938-2009)- забоншинос, профессор;
Раҳматулло Мирбобоев (1956)- иқтисоддон, профессор;
Шаҳодат Сиддиқова (1924 – 1996) – актрисаи театр, Ҳунрапешаи шоистаи Тоҷикистон;
Ҳамроҳ Тоҳирова (1912 – 1990) – аввалин меъморзани тоҷик;
Александр Фрейман (1879 – 1968) – эроншинос, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон;
Тайғуншо Шодмонбеков (1930)- актёри театр.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала